Масрур Абдуллозода: «Профессор Воҳид Асрориро метавон аз поягузорони илми журналистӣ номид»

Ноябрь 3, 2017 15:09

ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Воҳид Асрорӣ ба хидматҳои мондагори адибону донишмандони тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода дар гуфтору навиштори худ арҷ мегузошт ва худро хушбахт меҳисобид, ки аз файзи суҳбати онҳо баҳра бардоштааст. Ин нукта имрӯз, 3 ноябр дар Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии «Воҳид Асрорӣ ва  масъалаҳои филологияву журналистикаи тоҷик» ба муносибати 100-солагии профессор Воҳид Асрорӣ дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, конфронси мазкурро муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Сафармамад Сафармамадов оғоз намуд. Сипас мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода сухан гуфт.

«Бешак, устод Воҳид Асрорӣ дар таърихи илми филологияи тоҷик дар самтҳои адабиётшиносӣ, фолклор ва журрналистикаву публитсистика нақши беандоза дорад. Агар рӯзгори мавсуфро варақгардон кунем, мебинем, ки ӯ тамоми умри худро  ба рушду нумӯи илми педагогика ва адабиёт бахшидааст. Воҳид Асрорӣ  донишманди хеле фарохназар буд. Инро фаъолияти илмии бисёрсамтаи ӯ нишон медиҳад, ки дар асарҳои сершумораш фароҳам омадаанд»,-иброз намуд  Масрур Абдуллозода.

Дар конфронс олимону муҳаққиқон, ҳамкорон ва шогирдони профессор Воҳид Асрорӣ, аз ҷумла, академикон Носирҷон Салимӣ ва Кароматулло Олимов, профессор Абусаттор Нуралиев, дотсент Муртазо Зайниддинов, шоир Ато Мирхоҷа ва дигарон ба донишҷӯён хотироти худро аз ҳаёту фаъолияти мавсуф нақл карданд.

Зикр шуд, ки профессор Воҳид Асрорӣ то охири умр аз ҷараёни зиндаи адабӣ stop-ed-info.com, бо сухану навиштаҳояш пайваста дар баҳсҳои илмӣ ширкат меварзид.

Ёдовар мешавем, ки қисми дуюми  Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии «Воҳид Асрорӣ ва  масъалаҳои филологияву журналистикаи тоҷик» дар факултаҳои журналистикаю филологияи ДМТ (дар шаҳраки донишҷӯён) идома дорад ва дар он зиёда аз 30 нафар олимону донишмандон оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти профессор Воҳид Асрорӣ маърӯза мекунанд.

 

Ноябрь 3, 2017 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд