«МБГ-2»-и шаҳри Душанбе бинобар сардшавии ҳаво миқдори барқу гармидиҳиро афзун мекунад

Ноябрь 2, 2017 16:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик бинобар сардшавии ҳаво Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе бо мақсади таъмин сохтани саривақтӣ ва босифати истифодабарандагон бо барқу гармӣ иқтидорҳои худро зиёд мекунад. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти  ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод.

Нозирҷон Ёдгорӣ иброз дошт, ки Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе охири моҳи октябри соли равон ба кор шуруъ кард ва дар айни ҳол  иқтидори истеҳсолии   он ба 240-260 МВт неруи барқ ва 30—35 Гкал/соат гармӣ баробар мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар як вақт корҳои омодасозӣ ва  пайваст намудани манзили сокинони пойтахт ва идораю муассисаҳо бо гармӣ идома доранд.

Дар назар дошта шудааст, ки рӯз то рӯз вобаста ба тағйирёбии вазъи обу ҳаво иқтидори истьеҳсолии марказ зиёд мегардад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  3 — 5 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, минбаъд дар тамоми манотиқи мамлакат пастшавии  ҳарорати ҳаво пешгӯӣ карда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе моҳи декабри соли гузашта  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор доданд.   Хишти аввали сохтмони ин иншоот бошад, ки иқтидори пуррааш   300 МВт-ро ташкил медиҳад,  аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.

 

Ноябрь 2, 2017 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд