Мерганҳои беҳтарини наврас муайян ва соҳиби мукофот шуданд
ХОРУҒ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ дар чаҳорчӯби тадбирҳо бахшида ба Соли ҷавонон миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр аз намуди тирандозӣ мусобиқа баргузор шуд. Ин сабқат бо ибтикори Бошгоҳи варзишию техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар ҳамдастӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид. Дар мусобиқа беш аз 50 нафар варзишгарони наврас ширкат намуданд.
Ба гуфтаи муовини раиси бахши вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа Исматулло Назиров, «аксарияти иштирокчиёни мусобиқа хонандагони синфҳои 10- 11-и муассисаҳои таълимии шаҳр мебошанд, ки пас аз як ё ду сол ба хизмат дар сафи неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд. Яке аз вазифаҳои асосии Ташкилоти мададгори мудофиа-ин ҳамаҷониба омода намудани ҷавонон ба хизмати Ватан мебошад. Сарбозони оянда бояд ҳам аз ҷиҳати маънавию ҷисмонӣ ва ҳам аз лиҳози дониши низомӣ барои хизмат дар Артиши миллӣ омода бошанд. Бо ин мақсад дар назди Ташкилоти мададгори мудофиа маҳфилҳои гуногун, ба мисли «Мерган», «Десантчиёни ҷавон», клуби картингронӣ амал доранд, ки ҳамасола садҳо нафар наврасону ҷавонон дар онҳо тамрин мекунанд».
Ҳамчунин барои ҷавонони синни даъватӣ омӯзиши касби ронандагӣ ба роҳ андохта шудааст, ки баъди хатми он ҷавонон ба таври ройгон соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мегарданд.
Ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






