Миёни беморхонаҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон маркази онлайнӣ ташкил мешавад

Ноябрь 8, 2017 10:20

ДУШАНБЕ, 08.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Миёни беморхонаҳои Тоҷикистон ва  Ҳиндустон  маркази онлайнӣ ташкил мешавад. Ин масъала зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сомнатҳ Гош мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот инчунин  намояндагони сафорати мазкур ширкат намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  бунёди маркази онлайнӣ байни беморхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон имкон фароҳам меоварад, ки  ҷонибҳо ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббӣ аз таҷрибаи якдигар истифода намуда, машваратҳои судманд низ  доир намоянд.

Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо  масоили  густариши ҳамкории судманд дар заминаи ташкили маркази саноатӣ, ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва кишоварзиро баррасӣ карданд.

 

Ноябрь 8, 2017 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад