Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вакилони Парлумони Аврупо
ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 3 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии хонум Иветта Григулле Петерс, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 6-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо, масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ва натиҷаҳои ҷаласаи шашуми Кумитаи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номида, аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятиро аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида, барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, рушди деҳот, бахшҳои истеҳсолии иқтисод, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, ба хотири густариши муносибатҳо изҳори андеша карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон манфиатдор аст робитаҳояшро бо Парлумони Аврупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешбурди зина ба зинаи ислоҳоти демократӣ минбаъд ҳам густариш диҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ва Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои давраи то соли 2020 аҳамияти хосса зоҳир карданд. Татбиқи амалии Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор” ва “Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ” барои минтақа муҳим арзёбӣ карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон баррасӣ гардида, идомаи ҳамкорӣ бо барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шумурда шуд.









Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






