Нақлиётчиёни ИДМ дар Душанбе масъалаи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи роҳсозиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 09.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи нақлиёт ва баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ нигаронида шудааст. Ин матлабро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар ҳамоиши байналмилалии илмӣ-амалӣ, ки имрӯз таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионӣ дар хоҷагии роҳсозӣ» дар Душанбе доир гардид, баён дошт.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиши байналмилалӣ роҳбарони вазорату идораҳои роҳсозии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, давлатҳои хориҷи дур, намояндагони анҷуману ҷамъиятҳо ва ширкатҳои роҳсозӣ ва мутахассисону коршиносони бахши нақлиёт ширкат намуданд.
Вазири нақлиёти кишвар доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дода, таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи нақлиёт дар кишвар, бахусус бунёд ва таҷдиду навсозии роҳу пулҳо ва нақбҳо аҳамияти махсус медиҳанд. Дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар роҳу нақбҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бунёд гардиданд, ки дар татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба як кишвари воҳид ва транзитӣ нақши муассир мегузоранд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби Осиё доман густурда, ҳамчун чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим шинохта шудааст. Дар робита ба ин Тоҷикистон бо мавқеияти ҷуғрофии худ ҳамчун кишвари пайвандгари давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бо кишварҳои Шарқи Наздик ва Аврупо ба шумор меравад. Бо назардошти чунин зарфиятҳо барои рушди маҷмӯии бахши нақлиёт сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 1 миллиард доллар ҷалб гардидааст, ки он ба сохтмон ва таъмиру таҷдиди шабакаи роҳҳои автомобилгарди кишвар, пулу нақбҳо нигаронида шудааст. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки бо мақсади мутобиқ намудани роҳҳои автомобилгарди кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ дар мамлакат як зумра лоиҳаҳо дар бахши таъмиру таҷдид ва сохтмони роҳҳои ҷумҳурӣ татбиқ гардидаанд. Бунёд ва таҷдиди роҳи автомобилгари Душанбе –Ҷиргатол- сарҳади Қирғизистон, Душанбе-Чаноқ- сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе-Кӯлоб- Қалъаи Хум-Хоруғ –Мурғоб –Қулма (марзи Чин), инчунин бунёди роҳи автомобилгарди Шкев-Зиғар, Шоҳон-Зиғар, Ш. Шоҳин- Шоҳон ва таҷдиди роҳи автобилгарди Душанбе –Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон шаҳодати ин гуфтаҳост.
Дар ҳамоиш роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои роҳсозии кишварҳои ИДМ, мутахассисону коршиносон доир ба паҳлуҳои мухталифи истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар бахши бунёд ва таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард, омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон дар самти бунёди роҳҳои автомобилгард, хусусан дар шароити минтақаҳои баландкӯҳ, низоми идора дар бахши нақлиёт бо назардошти истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи иқтидорҳо дар соҳаи роҳсозӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба роҳсозӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ табодули назар намуданд.











Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






