Нақши сарнавиштсози Иҷлосияи ХVI дар бунёди давлатдории навини миллӣ

Ноябрь 14, 2017 16:11

ДУШАНБЕ, 14.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат дар солҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва баҳри ба даст овардани амнияти миллӣ ҷони худро дареғ надошта, чун пояи устувори давлатсозии миллии тоҷикон оташи низоъ ва бархӯрдҳоро хомӯш карданд. Ин нуктаро Абдумуъмин Қутбиддинов, номзади илмҳои филологӣ имрӯз дар конфронси илмӣ-амалие,  ки зери унвони «Нақши сарнавиштсози Иҷлосияи ХVI дар бунёди давлатдории навини миллӣ» дар Душанбе доир шуд,  баён дошт.

Абдумуъмин Қутбиддинов ҳамчунин зикр намуд, ки хушбахтона, худшиносии миллии мо дар ду даҳсола зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештару беҳтар рушд меёбанд, ки ин яке аз унсурҳои муҳими давлатдории миллист. «Вақте муҳаббат ба Ватан дар дили як нафар меафзояд, ин маънии пойдор будани сулҳ дар он кишварро дорад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз миёни ҳамватанони мо меҳру муҳаббати самимӣ ҳам ба давлат ва ҳам ба Пешвои миллат мавҷуд аст»,-изҳор дошт Абдумуъмин Қутбиддинов.

Бояд зикр намуд, ки Конфронси мазкур бо иштироки доираи васеи донишмандон, адибон ва рӯзноманигорон баргузор шуд.

Дар он, аз ҷумла, дар мавзӯъҳои «Нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳувияти миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ва бунёди давлатдории навини миллӣ», «Саҳми Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ»  маърӯзаҳо шунида шуданд.

Зикр шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наве боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз дастгоҳи нави давлатдориро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард.

Дар фарҷом бахшида ба Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китобҳо доир гардид.

 

Ноябрь 14, 2017 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд