Нақши устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар ташаккули публисистикаи тоҷик назаррас аст

Ноябрь 30, 2017 16:29

ДУШАНБЕ, 30.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Устод Айнӣ  дар тамоми асарҳояш номи тоҷик ва ва ҳувияти миллии тоҷиконро  махсус таъкид мекард. Ин нуктаро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Масрур Абдулозода дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Нақши устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ дар ташаккули публисистикаи тоҷик»  доир гардид, баён дошт. Ҳамоиш бо ибтикори муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ба ифтихори  гиромидошти 140 -солагии устод Садриддин Айнӣ ва 130-  солагии устод Абулқосим Лоҳутӣ созмон дода шуда, дар он олимону публисистон ширкат доштанд.

Аз Академияи ВАО-и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иштирокдорони ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Масъалаи тоҷикон-асоси публисистикаи устод С. Айнӣ дар солҳои бистуми асри бист», «Нақши устод С. Айнӣ дар ташаккули публисистикаи тоҷик»,  «Устод Лоҳутӣ ва Тоҷикистон», «Нақши устод А. Лоҳутӣ дар рушди публисистикаи тоҷик» сухан карданд. Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон заҳматҳои устод Садриддин Айнӣ бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Инчунин  дар маросими ифтитоҳи боғи навбунёди Айнӣ  Сарвари давлат изҳор доштанд: «Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт».

Ҳамзамон директори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» Зинатуллоҳ Исмоилзода изҳор дошт, ки ба хотири гиромидошти устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ силсилаи барномаҳои маърифатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳадафи онҳо муаррифии нақши бузурги устодон дар ташаккул ва таҳаввули публисистикаи тоҷик мебошад.

Ноябрь 30, 2017 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад