Омӯзгори тоҷик Аълочии маорифи Қирғизистон шуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо фармони Гулмира Кудайбердиева, Вазири омӯзиш ва илми Қирғизистон ба Истодаой Турсунова нишони «Аълочии соҳаи маориф» тақдим гардид.
Тавре Қодиршои Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, номбурда барои саҳми шоиста дар тарҷумаи китоб ва маводи дарсии тоҷикӣ ба ин ҷоизаи вазорат сазовор шудааст.
Истодаой Турсунова зодаи шаҳри бостонии Панҷакент ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) буда, чанд сол боз бо хонаводаи худ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зиндагӣ дорад. Ӯ дар дабиристонҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Панҷакент аз забону адабиёти тоҷик ва хатти ниёгон ба шогирдон дарс гуфтааст. Ин бонуи боистеъдоди тоҷик дар маҳалли зисти нав низ ором нанишаста, бо таъсиси курсҳои забономӯзӣ ба фарзандони тоҷик забони модарӣ ва таъриху фарҳанги ниёгонамонро ёд медиҳад. Вай дар фаъолияти Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ низ саҳм гузошта, барои муаррифии урфу одат, вижагиҳои ҷашни Наврӯзу Меҳргон миёни сокинони Қирғизистон талош ба харҷ медиҳад.
Равшанбек Собиров, раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон изҳор медорад, ки «саҳми муаллима И. Турсунова дар пешрафти корҳои ҷамъиятӣ қобили ситоишу таҳсин аст ва мавсуф ба дарёфти ҳама унвонҳо шоиста мебошад. Чанд сол боз суманаки наврӯзии Истодаой Турсунова мавриди қабули меҳмонону сокинони Бишкек қарор ёфтааст ва кумаку ҳамдастии ӯ бобати нигаҳдории суннатҳои миллии мардуми тоҷик дар ин кишвари ҳамсоя ҳамвора эҳсос мегардад».
Вазорати фарҳанги Қирғизистон чанд сол қабл ин бонуи тоҷикро бо нишони «Аълочии соҳаи фарҳанги Қирғизистон» низ сарфароз гардонида буд.
Истодаой Турсунова ҳамзамон соҳиби нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






