Озмун барои муайян кардани беҳтарин хонандагони китобҳои Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни хонандаи беҳтарини китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳандозӣ намояд.
Тавре дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хайём Амонов иттилоъ дод, озмуни мазкур се марҳиларо дар бар гирифта, даври аввали он дар муассисаҳои миёна ва олии касбӣ доир мегардад.
Даври дуюм дар сатҳи ноҳиявӣ ва марҳилаи сеюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
Ба иттилои Хайём Амонов, ҳадаф аз баргузории озмун ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши осори Пешвои миллат бо мақсади ташаккули тафаккури сиёсиву ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҳукуқиву ҳисси ватанпарастиву ватандӯстӣ, худшиносии милливу худогоҳӣ, инчунин пешгирии ҷавонон аз тақлиди фарҳанги бегона мебошад.
Дар марҳилаи сеюм ғолибон бо туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳо қадрдонӣ шуда, ғолиби ҷои аввал ба Ҷумҳурии Мардумии Чин равон карда мешавад.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






