«Парчами Тоҷикистон – таҷассумгари фарҳанги миллӣ»-конфронс дар Китобхонаи миллӣ

Ноябрь 22, 2017 16:54

ДУШАНБЕ, 22.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Парчамро дар баробари забону фарҳанг, нишону суруди миллӣ муқаддас медонанд. Аз давраҳои қадим то ба имрӯз парчам ба ҳайси нишонаю аломати қавми муайян, халқи муайян ва миллати муайян хидмат кардааст. Ин нуктаро муовини директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ, номзади илми филология Дилшод Раҳимов имрӯз зимни конфронс бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ иброз дошт.

Дар конфронси мазкур, ки таҳти унвони «Парчами Тоҷикистон – таҷассумгари фарҳанги миллӣ»  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар парчамҳои халқҳои гуногун, пеш аз ҳама, география, иқтисодиёт, фарҳанг, заминаҳои таърихию тамаддуни ин ё он кишвар ва ё халқ инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифодакунандаи дастовардҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодии миллат буда, аз даврони қадим бо халқи мо ҳамқадаму ҳаммаром мебошад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронс коршиносону муҳаққиқон ва олимону адибон иштирок намуда, доир ба парчам ва нақши он сухан гуфтанд.  Дар конфронс мавзӯъҳои гуногун, аз қабили «Парчами миллӣ – рамзи ҳувиятсози тоҷикон», «Қудсияти Парчами миллӣ ва мавқеи ҷавонон дар муаррифии он» ва «Бозтоби Парчами Тоҷикистон дар фарҳанги миллӣ» баррасӣ шуданд.

Да фарҷоми конфронс муаррифии китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон», намоиши китобҳои тозанашри Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт.

Ноябрь 22, 2017 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд