Пешгирии бемории саратон дар мадди назари Парлумон қарор дорад

Ноябрь 14, 2017 12:02

ДУШАНБЕ, 14.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Рашт бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва фаъолони ноҳияи Рашт дар мавзӯи «Пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор шуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар назди иштирокчиёни ҷамъомад муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ иброз намуд, ки ҳамасола дар ҷаҳон теъдоди зиёди одамон гирифтори омосҳои бадсифат мешаванд, ки дар натиҷа як қисми онҳо мефавтанд.

Таҳқиқоти эпидемиологии солҳои охир муайян намуд, ки тамоюли марговари бемории саратон дар давлатҳои рў ба тараққӣ низ ба назар мерасад. Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, эҳтимол меравад, ки соли 2030 шумораи гирифторони ин беморӣ ба 22 миллион ва фавтидагон ба 14 миллион  расад. Аз рўи тақсимоти минтақаҳо, ки аҳолии онҳо гирифтори ин беморӣ мегарданд, дар ҷойи аввал минтақаи  Осиё қарор дорад.

Тибқи маълумоти Ташкилоти байналмилалии назорати (саратон) тиббӣ («International Cancer Control»), соли равон дар саросари ҷаҳон аз бемории саратон зиёда аз 8 миллион нафар фавтидаанд, ки  аз 30 то 69- соларо ташкил медиҳанд.

Хайринисо Юсуфӣ ҳамчунин афзуд, ки созмони мазкур  10 намуди саратонро, ба монанди шуш, ғадуди ширӣ, рўдаи хурд, маъқад, меъда, ҷигар, гарданаки бачадон, сурхрўда, массона ва лимфомаи хочкин, ки босуръат дар кулли ҷаҳон афзоиш ёфта истодааст, ба қайд гирифтааст.

Омосҳои бадсифати узвҳои системаи репродуктивии занон дар ҷаҳон паҳншудатарин мебошанд. Дар миёни онҳо ҷои аввалро саратони шуш ва ҷойи дуюмро ғадуди ширӣ ишғол мекунад. Саратони гарданаки бачадон дар сохтори бемориҳои саратони аҳолии занонаи сайёра ҷои сеюмро ишғол мекунад.

Таи даҳсолаи охир шумораи беморони гирифтори омосҳои бадсифат дар Тоҷикистон низ чун дар тамоми ҷаҳон тамоюли босуръати болоравиро соҳиб шудааст.

Вобаста ба ин ҳалли масъалаҳои бемориҳои саратон яке аз самтҳои  афзалиятноки соҳаи тандурустии кишвар ба шумор меравад. Бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон дар чорчўбаи татбиқи стратегияву барномаҳои миллӣ дар солҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур тадбирҳои мақсаднок  амалӣ мешаванд. Боиси зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNFPA), Дастгирии молиявии консорсиуми японии Токио FM (HelloSmile)ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNDP) ташхиси бемории саратони гарданаки бачадонро дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Бохтари вилояти Хатлон роҳандозӣ намуда, ба натиҷаҳои  назаррас ноил гардиданд.

“Боиси таассуф аст, ки новобаста аз корҳои анҷомдодашуда вазъи паҳн ва бақайдгирии бемории саратон ва фавт аз ин беморӣ дар ҷумҳурӣ мураккаб боқӣ мемонад. Ҳадафи ҳамоиш ва ҷамъ омадани мо  ин аст, ки дар якҷоягӣ  ба масъалаи фавқулзикр расидагӣ намуда, барои муайян намудани роҳҳои ҳалли он тадбирандешӣ намоем”,- гуфт дар анҷоми ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ.

Ҳамчунин аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин Саида Умарзода, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҳаҷимэ Китаока, Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қаноатшо Лоиқзода, раиси ноҳияи Рашт андешаҳояшонро изҳор намуданд.

Иштирокчиёни ҷамъомад баъди саволу ҷавоби зиёд тавсияҳои кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.

 

Ноябрь 14, 2017 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ