Пйесаи «Назаркарда» ифодагари талошҳои сулҳофарини Пешвои миллат мебошад
ДУШАНБЕ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пйесаи нависанда, тарҷумон ва драматурги тоҷик Абдуғаффор Абдуҷаббор таҳти номи «Назаркарда» аз тариқи нашриёти «Адиб» ба нашр расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, пйесаи мазкур бахшида ба талошҳои сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод гардидааст.
«Абдуғаффор Абдуҷаббор аз ибтидо то рӯзи оштӣ иштирокчии иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди панҷ соли он яке аз муаллифони асосии сабқати телевизионӣ ба ифтихори баимзорасонии Созишномаи истиқрори сулҳ мебошад. Ӯ дар пйесаи худ кӯшиш ба харҷ додааст, ки мушоҳидаҳои шахсӣ ва саҳифаҳои ҳассоси он айёми таърихиро аз нигоҳи дарки бадеии воқеаҳо ба риштаи тасвир кашад»,- хабар доданд аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Пйесаи «Назаркарда» марҳилаи муҳими таърихи муосири Тоҷикистонро дар бар гирифта, аз лаҳзаҳои ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон то суханронии он касро аз минбари баланди Ассамблеяи генералии 52-юми СММ оид ба сулҳи бебозгашти тоҷикон ба аҳли олам бозгӯӣ мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






