Прокуратураҳои генералии Тоҷикистону Беларус Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2018-2019-ро ба имзо расониданд

Ноябрь 27, 2017 13:05

ДУШАНБЕ, 27.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Прокуророни генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Ҷумҳурии Беларус Александр Конюк барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои ҳарду ҷониб барои солҳои 2018-2019-ро бо нишон додани тадбирҳои мушаххаси муштарак  ба  имзо  расониданд.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар додааст, ки ин барномаи ҳамкорӣ дар шаҳри Минск, 24 ноябри соли 2017 зимни вохӯрии кории ҳарду ҷониб ба тасвиб расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон  ҷонибҳо ҳамкории ҳуқуқӣ, масоили ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқ, таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва коррупсия, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, инчунин мубодилаи таҷриба зимни амалисозии корҳои соҳавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ноябрь 27, 2017 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад