С. Р. Мирзозода: «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бидуни шак, дар кӯшиши табаддулот даст дошт»

Ноябрь 1, 2017 17:00

ДУШАНБЕ, 01.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  шумораи №224(23305) аз 31 октябри соли 2017 суҳбати ихтисосии хабарнигори рӯзнома бо муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ генерал-майори адлия С. Р. Мирзозода нашр шудааст, ки онро дар зер бознашр менамоем:

Суҳбати ихтисосии хабарнигори рўзномаи «Ҷумҳурият» Фирўзи Раҳмониён бо муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ, генерал — майори адлия Мирзозода Сафаралӣ Раҳим

Дар ҷаҳони муосир падидаи нангини экстремизм ва терроризм ба рушди инсоният хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Кўшишҳои сиёсисозии дин дар бозиҳои геополитикӣ барои абарқудратҳо ҳамчун меъёр қарор гирифта, дар заминаи он гурўҳҳои манфиатхоҳ низоъ ва даргириҳоро дар манотиқи мухталифи сайёра роҳандозӣ мекунанд. Вобаста ба ин ва дигар масоили дахлдор ин суҳбат ороста шуд.

— Моҳи сентябри соли равон дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мусоҳибаи Ш. Ҳамдампур бо судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. О. Азизов, ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтани ҲНИТ қабул кардааст, таҳти унвони «То табаддулот се рўз монда буд» интишор гардид. Сараввал мехостем, ки андешаи худро ҳамчун муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарпрокурори ҳарбӣ перомуни матлаби мазкур иброз доред.

— Ташаккур. Ман ба далелҳои аз тарафи судяи Суди Олӣ Ш.О. Азизов овардашуда розӣ ҳастам, чунки дар ин мусоҳиба сухан дар бораи тасмимҳои меъёрии ҳуқуқӣ меравад. Яъне, ҷанбаи ҳуқуқии масъала бо назардошти ҳалномаи мақомоти судии кишвар мақоми аввалро касб кардааст. Хотиррасон бояд шуд, ки 22 сентябри соли 2015 ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ — экстремистӣ эътироф намудани ҲНИТ, қатъи фаъолият ва барҳам додани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Аризаи Прокурори генералӣ бо таҳлили маводҳои парвандаҳои ҷиноятии давоми солҳои охир тафтишнамудаи мақомоти прокуратура, амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ оид ба ҷиноятҳои сангини содиркардаи роҳбарону аъзоёни фаъоли ҲНИТ асоснок карда шудааст. 29-уми сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон расман қатъ ва ҳизби мазкур ҳамчун ташкилоти террористӣ — экстремистӣ эътироф карда шуд.

— Аз назари ҳуқуқӣ ба фаъолияти созмонҳои сиёсии динӣ чӣ гуна баҳо медиҳед ва бо назардошти кадом далелҳои ҳуқуқӣ ҲНИТ ҳамчун ҳизби террористӣ шинохта шуд?

— Мутобиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарѓиб мекунанд ва ё барои бо зўрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ мебошад.

Дар давоми солҳои 2010 — 2015 аз ҷониби аъзои ҲНИТ содир кардани беш аз 40 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла барангехтани кинаю адовати динӣ, иштирок дар иттиҳодҳои ҷиноятӣ ва экстремистию террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ таѓйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошанд.

Алоқамандии аъзои ҲНИТ ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ дар ҷараёни тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ тасдиқи худро ёфт. Аз ҷумла, исбот карда шуд, ки раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин ба ташкилоти террористии «Ансороллоҳ» таҳти роҳбарии Раҳимов Абдулло бо лақаби «мулло Абдулло» ва Давлатов Аловиддин бо лақаби «Алӣ Бедакӣ», ки соли 2010 дар водии Рашт нисбат ба 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон акти террористӣ содир намудааст, шомил буд.

Тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷишҳои гузарондаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар раванди шомилшавии аъзои ҲНИТ — ро ба сафи ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ», ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 14 апрели соли 2015,  фаъолияташ дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шудааст, ошкор намуд. Чунончи, зимни азназаргузаронии манзилҳои истиқоматии роҳбарону фаъолони ҲНИТ фитаҳо бо наворҳои видеоӣ, ки дар онҳо куштору таркишҳо ва дигар амалҳои ваҳшиёнаи ҷангиёни «Давлати исломӣ» сабт гаштаанд, дарёфт ва мусодира гардиданд.

— Тафтишот дар мавриди амалҳои ҷиноятии раиси ҳизб М. Кабирӣ ва генерал А. Назарзода, ки ба кўшиши табаддулоти давлатӣ айбдор шудаанд, кадом далелҳоро дорад?

— Дар рафти тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ бо далелҳои раднопазир, аз қабили нишондодҳои шоҳидон, ҷабрдидагон, айбдоршавандагон, наворҳои видеоӣ, далелҳои шайъии (маводҳо, нақшаҳо, варақаҳо, фитаҳо, силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва ѓайра) дар рафти азназаргузаронии ҳуҷраҳои корӣ ва манзилҳои зисти роҳбарону фаъолони ҲНИТ ёфтагирифташуда собит гардид, ки роҳбари ҲНИТ М. Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигар аъзои раёсати олии ҲНИТ ва собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон A. Назарзода бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ѓасб кардани ҳокимияти давлатӣ ва таѓйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 гурўҳи ҷиноятиро, ки ҳар кадоме то 30 — нафарӣ аъзо дошт, созмон додаанд. Ба ин гурўҳҳо баъзе аз собиқ размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифин ва дигар атрофиёни А. Назарзода роҳбарӣ мекарданд. Бо мақсади аз ҷиҳати моддию молиявӣ дастгирӣ намудани аъзои иттиҳоди ҷиноятии террористӣ, ба онҳо тавассути фондҳои ба ном хайриявии кишварҳои манфиатдори хориҷӣ мунтазам аз 500 то 600 сомонӣ маблаѓҳои пулӣ мерасонданд.

Ҷиҳати амалӣ намудани ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худ, аз рўи маслиҳати пешакӣ гурўҳҳои мусаллаҳро барои аз кор баровардани воситаҳои алоқаи телефонӣ ва ѓасб кардани иншооти муҳими давлатӣ, аз қабили Қасри миллат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, биноҳои маъмурии КДАМ, ВКД, Вазорати мудофиа, Кумитаи телевизион ва радио, РВКД — и шаҳри Душанбе, ШВКД-и ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Ваҳдат муваззаф карданд.

Далели дигар, ки гунаҳгории М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро дар содир намудани ин ҷиноятҳо тасдиқ мекунад, ин иштироки бевоситаи номбурда дар маблаѓгузории суиқасди табаддулоти давлатӣ мебошад. Аз ҷумла, 2 сентябри соли 2015 бо супориши М.Кабирӣ писараш Руҳулло бо ҳамроҳии ронандааш Ҳ. Т. Сайфов пули нақдро ба маблаѓи 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА ба хонаи А. Назарзода бурда, ба ў супурдаанд.

Шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 зиёда аз 150 узви иттиҳоди ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи А. Назарзода дар дохили собиқ корхонаи нонпазӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи А. Дониш, ки ба А. М. Назарзода мансуб буд, ҷамъ омада, бо силоҳҳои оташфишони автомат, пулемёт, гранатомёт ва дигар лавозимоти ҷангӣ ѓайриқонунӣ мусаллаҳ гардиданд.

Баъдан А. Назарзода маҳз бо супориши М. Кабирӣ бо суистифода аз мақоми хизматии муовини вазири мудофиа, якҷо бо ҳаммаслаконаш навбатдори Нуқтаи назорати гузаргоҳи Вазорати мудофиа, қисмҳои ҳарбии №17651 ва 08050 — ро бесилоҳ гардонда, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисмҳои низомии номбурда ѓайриқонунӣ ворид шуданд. Аз он ҷо миқдори зиёди аслиҳаи оташфишон, сарулибоси ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангиро бо мақсади мусаллаҳ гардондани аъзои иттиҳоди ҷиноятӣ тасарруф намуданд.

Онҳо худи ҳамон шаб дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рўдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ҳолати иҷрои вазифаҳои хизматӣ қарор доштанд, бо истифода аз силоҳи оташфишон ҳуҷумҳои мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷа 10 хизматчии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардид.

— Аз далелҳои овардаатон метавон натиҷа гирифт, ки М. Кабирӣ тавассути А. Назарзода шабакаи ҷиноятиро роҳбарӣ ва назорат мекардааст. Ҳамин тавр?

— Бале. Аз моҳи августи соли 2006 М.Кабирӣ роҳбарии ҲНИТ — ро ба уҳда дошта, бо даѓалона вайрон кардани шартҳои Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, аз 27 июни соли 1997, якҷо бо дигар ҳаммаслаконаш пайваста бо истифода аз усулҳои таблиѓоти динӣ мардумро рўҳан барои бо роҳи зўроварӣ таѓйир додани сохти конститутсионӣ дар кишвар омода месохтанд.

— Кирдорҳои ҷиноятии М. Кабирӣ, А. Назарзода ва ҳаммаслаконашон бо кадом моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ бандубаст карда шудаанд?

— Дар асоси далелҳои боэътимод пурра собит шудааст, ки роҳбарону фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бидуни шак, дар табаддулоти давлатӣ даст доштаанд. Бинобар ин, бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 июни соли 2016, чордаҳ нафар узви раёсати олии ҲНИТ дар содир намудани ҷиноятҳои даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ таѓйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, исёни мусаллаҳона, терроризм ва маблаѓгузории он гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардиданд. Нисбат ба худи М. Кабирӣ бошад, тавассути Интерпол кофтукови байналмилалӣ эълон карда шудааст.

— Модоме ки аъмоли содирнамудаи роҳбарону фаъолони Ташкилоти экстремистӣ — террористии ҲНИТ бо ин қадар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида шаванд, пас барои чӣ баъзе кишварҳои хориҷӣ, махсусан аврупоӣ онҳоро нодида мегиранд. Магар ин кирдорҳо дар он кишварҳо ҷиноят нестанд? 

— Бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ имзо гузоштааст, фаъолияти ҲНИТ — ро ба таври шаффоф тибқи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ баррасию муҳокима намуд.

Аъмоли террористии Ташкилоти экстремистӣ — террористии ҲНИТ аз рўи талаботҳои моддаи 129 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ) — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, моддаҳои 149 (барангезондани халқ барои шўриши яроқнок бар зидди ҳокимият), 313 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ) — и Кодекси ҷиноятии  Туркия, моддаҳои 127 (бо роҳи зўроварӣ таѓйир додани сохти конститутсионӣ), 128 (бо роҳи зўроварӣ бартараф кардани мақоми конститутсионӣ), 140 (суиқасд ба суст кардани иқтидори ҳарбӣ) — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Полша, моддаҳои 242 (хиёнат ба давлат), 249 (кўшиши бо роҳи зўроварӣ аз вазифааш дур кардани Президент), 278 (созмон додани иттиҳоди ҷиноятӣ) — и Кодекси ҷиноятии Австрия, моддаҳои 104 (суиқасд барои вайрон кардан ва таѓйир додани шакли идоракунӣ), 113 (шўриши яроқнок), 124 (суйиқасд ба барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ) — и Кодекси ҷиноятии Белгия, инчунин, Конвенсияи Шўрои Аврупо «Дар бораи пешгирии терроризм», аз 16 майи соли 2005, Декларатсия «Дар бораи андешидани чораҳо оид ба барҳам додани терроризми байналмилалӣ», ки бо Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ, аз 9 декабри соли 1994, қабул карда шудааст, ҳамчун ҷиноят баҳогузорӣ ва тафсир мегардад.

Террорист дар куҷое, ки ҷиноят содир накунад вай террорист аст. Ашхосе, ки чунин ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаро дар дилхоҳ кишвар содир мекунанд, ҳатман тибқи қонунгузории ҷиноятии он давлат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Бинобар ин, соли 2016 ҲНИТ ба феҳристи ташкилотҳои террористии Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ворид карда шудааст.

— Ин тавр бошад, барои чӣ роҳбарони ташкилоти террористии ҲНИТ дар баъзе кишварҳои хориҷӣ то ҳол озодона мегарданд?

— Мутаассифона, баъзе аз кишварҳо манфиатҳои геополитикии худро пеша карда, аз стандартҳои дугона истифода менамоянд. Онҳо зери қаноти созмонҳои ба ном байналмилалию ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки ҳадафи аслиашон танҳо ҳимояи манофеи кишвари муассис аст, минбарҳои таблиѓотиро дар ихтиёри террористоне чун Кабирию думравонаш мегузоранд ва онҳоро маблаѓгузорӣ мекунанд. Аммо ин гурўҳҳо ба ҳадафи нопоки худ нахоҳанд расид, зеро мардум ҳақиқати воқеиро дарк намуд ва фаҳмид, ки агар ҲНИТ муваффақ мешуд, чӣ оқибату балоҳоро ба сари халқ ва Ватани азизамон меовард.

— Ташаккур барои суҳбат!

Бознашр аз Рӯзномаи «Ҷумҳурият»,

31 октябри соли 2017, №224(23305)

 

 

Ноябрь 1, 2017 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»