Сармуҳандиси ФБД: «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошад»

Ноябрь 1, 2017 16:33

ДУШАНБЕ, 01.11.2017/АМИТ «Ховар»/. «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 омода мебошад»,-гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Бобоҷон Садриддинов, сармуҳандиси  ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе».

Мавсуф афзуд, ки роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе  дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018», нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018  ва ситод таъсис додааст, ки тибқи он корҳо  босуръат идома доранд.

IMG_8986Сармуҳандиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зикр кард, ки  дар асоси  нақшаи чорабиниҳои  Фурудгоҳ хадамоту шуъбаҳо нақшаҳои инфиродии чорабиниҳои худро ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 омода сохтаанд ва раванди татбиқи онҳо давом дорад.  Дар ин росто,  наздик ба 300 техникаю таҷҳизот ва дигар механизмҳое, ки ба таъмини амнияти ҳавопаймоҳо, тоза кардани хати парвоз дар мавсими зимистон ва дигар корҳои  хизматрасониҳои рӯизаминии фурудгоҳ махсус гардонида шудаанд,  дар ҳолати омодабош қарор доранд.  Ҳамзамон ба андешаи Бобоҷон Садриддинов,   роҳбарияти фурудгоҳ бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои рӯизаминии ҳавопаймоҳо ба мустаҳкам кардани заминаи моддӣ – техникии муассиса диққати доимӣ медиҳад. Дар давраи охир  як қатор мошину механизмҳои  муосири махсуси аэродромӣ харидорӣ шуда, дар истеҳсолот истифода мешаванд, аз ҷумла, мошинҳои аз барфу ях тозакунии ҳавопаймоҳо — F-90 SI ва F-2000, автозинаҳои махсус, мошинҳои чангкашаки аэродромӣ, автотранспортёрҳо, ядакҳо, таҷҳизоти сайёри қуввадиҳанда, УМП (мошини универсалии гармкунанда), автобусҳои перронӣ, грейдерҳо, мошинҳои худрави боркунанда, экскаватору электрокарҳо, мошинҳои фаршшӯии Н715-665, мошини ёрии таъҷилии тиббии форд «СИКАР-3868», АМБУЛИФТ (лифти амбулаторӣ барои хизматрасонӣ ба маъюбон), мошинҳои муосири сӯхторнишонӣ, таҷҳизоти махсус барои аз хати парвозу нишаст берун кардани ҳавопаймоҳо. Айни замон системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, ба кор дароварда шудаанд. Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба мусофирон низ дар сархати фаъолияти роҳбарияти фурудгоҳ қарор дорад, зеро аз сатҳу сифати хизматрасониҳо мақому мартабаи фурудгоҳ ва нуфузи и байналмилалии он сахт вобастагӣ дорад.

 

 

Ноябрь 1, 2017 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд