Ш. Зуҳуров: «Мексика дар қораи Амрико барои Тоҷикистон шарики боэътимод аст»

Ноябрь 21, 2017 15:45

ДУШАНБЕ, 21.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон Мексикаро дар қораи Амрико яке аз шарикони боэътимод меҳисобад»,-гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров имрӯз зимни мулоқот бо Сафири тозатаъйини Мексика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷузе Алфонсо Зегбе Камарена. Мусоҳибон ҳамзамон  масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро  матраҳ намуданд.

Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки барои ба вуҷуд овардани  пояи қарордодиву ҳуқуқӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорон аз Мексика имзо намудани «Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя», «Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» зарурат дошта, барои рушди ояндаи ҳамкории  ҳар ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Зикр шуд, ки ҳамкории мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ифодагари устувории муносиботи Тоҷикистону Мексика аст. Мексика ташаббусҳои Тоҷикистонро дар масъалаи об, ки бинобар оқибатҳои тағйирёбии иқлим масъалаи  муҳим маҳсуб меёбад, пайваста дастгирӣ намуда, Тоҷикистон ва Мексика узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об мебошанд. Таъкид гардид, ки ду кишвар имкон доранд дар соҳаҳои илм ва маориф, энергияи тоза, саноати истихроҷи маъдан, технологияҳои муосир ҳамкории мутақобила ба роҳ монанд. Ш. Зуҳуров афзуд, ки Тоҷикистон ширкати фаъолонаашро дар роҳандозии рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид идома дода, пайваста барои таблиғи мудирият ва истифодаи оқилонаи ин манбаи барои инсоният ҳаётан муҳим кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҳамзамон зикр шуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об- 22 марти соли 2018 шурӯъ мешавад. Ба ин муносибат Тоҷикистон тасмим дорад, ки тобистони соли 2018 Конфронси байналмилалии марбут ба масъалаҳои обро  дар Душанбе қабл аз Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор баргузор намояд. Дар ин росто, Ш. Зуҳуров дипломати мексикоӣ ва намояндагони баландпояи ин кишварро барои иштирок дар конфронси мазкур даъват намуд.

Ҷузе Алфонсо Зегбе Камарена  ҳавасмандии Мексикаро ба густариши равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд. «Ҳарду кишвар дар ҳошияи узвият дар СММ муколамаи судманд ба роҳ мондаанд. Мо метавонем дар оянда роҷеъ ба  ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, об, рушди устувор, танзими муҳоҷират, ки  дорои зарфият ва иқтидори бузург мебошанд, ҳамкорӣ дошта бошем»,- гуфт дипломати мексикоӣ.

Ноябрь 21, 2017 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд