Ш. Зуҳуров: «Мо дастгирии кишварҳои Аврупоро дар самтҳои Стратегияи шарикии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ эҳсос менамоем»
ДУШАНБЕ, 03.11.2017/АМИТ «Ховар»/. «Мо ҳамеша дастгирии кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро дар самтҳои Стратегияи шарикии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ эҳсос мекунем». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон дар мулоқот бо Ивета Григуле, роҳбари ҳайати парлумони Аврупо иброз дошт. Мавсуф афзуд, ки аз кумакҳое, ки ба кишвари мо дар доираи лоиҳаҳои ба рушди демократия, волоияти қонун, назорати сарҳад, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, рушди бахши хусусӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайра расонида мешаванд, сипосгузорем. Дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои тақвияти ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Парлумони Аврупоро баррасӣ намуданд.
Зикр шуд, ки рушди устувори муносиботи байни парлумонҳои Тоҷикистон ва Аврупо дар такмили қонунгузории марбут ба масъалаҳои таҳкими демократия, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва асосан табақаи осебпазири ҷомеа, фурӯши одамон, мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳо нақши муҳим доранд. Таъкид гардид, ки дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Аврупо, ки дирӯз дар Душанбе доир шуд, доир ба масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои мо, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, муносиботи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, мубориза бар зидди терроризм, ҷинояти муташаккил, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он иқдомот ҷиҳати амалишавии вазифаҳои гузошташуда инъикос ёфтаанд. Ш. Зуҳуров махсус таъкид намуд, ки баргузории чунин мулоқот натиҷаҳои мушаххасро доро буда, ба манфиати мардумони кишварҳои мо равона шудаанд. Ҳамзамон Ш. Зуҳуров гуфт, ки «мо дар идома додани ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати амалишавии барномаҳои муносибот ва иҷрои уҳдадориҳои худ вобаста ба узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Савдо, ҳамчунин шомилшавӣ ба Шабакаи умумибашарии проференсияи Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ҳавасмандем. Дар ҷараёни воридшавӣ ба СҶС мо 27 Конвенсия ва протоколҳои барои кишварҳои аъзои СҶС нигаронидашуда, ки дар рӯзномаи Шӯро ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба қайд гирифта шудаанд, тасдиқ кард. Системаи қонунгузории кишвар дар асоси талаботи ин 27 Конвенсия ва протоколҳо тағйир дода шуд. Мехостем дастгирии Парлумони Аврупоро барои шомил шудани Тоҷикистон ба узвияти Шабакаи умумибашарии проференсияи Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ба даст орем»,- таъкид кард Раиси Парлумони Тоҷикистон.
Бо дахли дурнамои рушди муосири Тоҷикистон Ш. Зуҳуров зикр кард, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз се ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он ҳамаи Ҳадафҳои рушди устувор ба назар гирифта шудаанд, ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва то се маротиба баланд бардоштани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ равона шудааст. Ҳадафи умумии мо дар ин давра табдил додани кишвар аз аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ мебошад. Раиси ҳайати Парлумони Аврупо Ивета Григули иброз дошт, ки мо умедворем, ки масъалаҳои дар ҷараёни ин боздид баррасишаванда ҳалли мусбат ва ниҳоии худро хоҳанд ёфт.
Мавсуф таъкид намуд, ки бо таваҷҷуҳ ба он, ки равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар арсаҳо дар ҷаҳони муосир дар ҳоли тағйир ёфтананд, моро лозим аст дар доираи ин таҳаввулот ҳамкории худро боз ҳам густардатар ба роҳ монем.
«Парлумони Аврупо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақа шарики боэътимоди худ медонад ва дар заминаи масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ аз мавқеи ин кишвар пуштибонӣ хоҳад кард»,- гуфт Ивета Григуле.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






