Ширкати IRS барои нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ дар фасли зимистон омода аст
ДУШАНБЕ, 22.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Филиали ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД», ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқро ба зимма дорад, ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» тадбирҳои судманд амалӣ менамояд.
Тавре аз маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо ин мақсад дар навбати аввал таваҷҷуҳ ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву таҷҳизот зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира карда шудааст. Аз ҷумла, 10 ҳазору 550 метри мукааб қум, 1 ҳазору 10 тонна намак, 227 ҳазору 270 литр сўзишвори дизелӣ, 66 тонна ангишт, 51,4 метри кубӣ ҳезум ва ба қадри зарурӣ либоси зимистонаи махсус барои кормандон захира шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Алҳол зиёда аз 181 мошину техникаи махсуси замонавии филиали Ширкат барои нигоҳдории роҳ дар фасли сармо омода мебошанд.
Бояд ёдовар шуд, ки мавҷудияти маҳз ҳамин гуна техникаҳои пуриқтидор замина фароҳам овард, ки ҳатто рӯзҳои сербориши фасли зимистони солҳои пешин ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ таъмин гардад.

Тавре зикр шуд, кормандон бо либосҳои зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони муайяншуда ба миқдори зарурӣ ҳезуму ангишт захира гардидааст.
Хотиррасон мекунем, ки солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста мешуд. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст медоданд. Имрӯз меҳнати шабонарӯзии кормандони филиали Ширкат чунин хатарҳоро бартараф намуда, роҳгузарон тамоми сол аз роҳи мошингарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки роҳи Душанбе – Чаноқ барои кишвари мо хеле муҳим маҳсуб шуда, онро ба шараёни асосии хунгард дар ҷисми кишвар шабеҳ медиҳанд. Дарозии роҳи Душанбе- Чаноқ 358 километрро ташкил дода, масири он аз 3 нақб (Майхўра -897 метр, Истиқлол- 4998 метр, Шаҳристон -5253 метр), 24 галерея ва 38 кўпрук иборат аст. Бо бозсозӣ гардидани роҳи Душанбе -Чаноқ хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон ва воситаҳои нақлиёт бо он мувоҷеҳ буданд, бартараф мегарданд.










Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






