Ширкати IRS: масъулин омодаанд, ронандагон низ бояд масъулиятшинос бошанд!
ДУШАНБЕ, 27.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз шоми дирӯз, 26 ноябр дар масири роҳи Душанбе – Чаноқ, аз километри 62 то 84 –уми роҳи мазкур боришоти шадиди барф ба амал омад. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал техникаҳои махсуси филиалро барои аз барф тоза намудани роҳ сафарбар намуда, дар минтақаи мазкур маводи зиддилағжиш пошиданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти филиали Ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар дода, аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, як идда ронандагон бе омодагӣ (манзур- набудани занҷир, аз ҷиҳати техникӣ комил набудани воситаи нақлиёт ва ғайра) ба роҳ мебароянд. Дар натиҷа чунин ронандагон дар роҳ ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардида, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд. Кор ҳатто то ҷое мерасад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт як муддат манъ мегардад. Бояд ёдовар шуд, ки филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳаракати муназзаму бемонеаи воситаҳои нақлиёт дар фасли сармо омодагии ҳамаҷониба гирифтааст. Ширкат аз тамоми ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар воситаи нақлиёти худро аз муоинаи техникӣ гузаронида, дигар воститаҳои техникиро, ки ҳангоми ҳаракат зимни боридани барфу борон зарурати истифодаи онҳо ба миён меояд, бо худ гиранд.









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






