Қӯшунҳои сарҳадӣ: аз савганди ҳарбии сарбозони навдаъватшуда то хатми курсҳои махсуси прапоршикӣ
ДУШАНБЕ, 07.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баровардани байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ маросими бошукӯҳи тантанавӣ баргузор шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар назди меҳмонон ва сарбозон изҳор намуд, ки «маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии аскарону афсарон имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд».
Дар ҷамъомад беш аз 370 нафар сарбозони навдаъватшуда савганди ҳарбӣ ёд карданд ва ҳамзамон зиёда аз 85 нафар хамткунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати махсусӣ прапоршикон бо дипломҳо ва рутбаҳои ҳарбии прапоршик сарфароз гардиданд.
Пас аз маросими савгандёдкунӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар назди меҳмонон намудҳои машқҳои тан ба тан намоиш доданд.
Афсарони ҷавоне, ки бо рутбаҳои Прапоршик сарфароз гардиданд, барои идомаи хизмати Ватан-Модар ба отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд.










Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






