«СУЛҲОВАР ПЕШВО ДОРЕМ МО!». Дар ноҳияи Лахш ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

Ноябрь 16, 2017 16:07

ЛАХШ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ташаккули Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Маҳз  бо шарофати ин рӯйдоди таърихӣ ба мардуми тоҷик муяcсар гардид, ки бо интихоби Сарвари нави сиёсии хеш дар симои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон  мавҷудияти Тоҷикистонро таъмин намояд.  Ин нуктаро Файзулло Баротзода,  раиси ноҳияи Лахш имрӯз дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.

Зикр шуд, ки ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум унвони нав- «сулҳовар» додаанд, зеро танҳо бо сарварии хирадмандонаи  ин шахсияти таърихӣ ба ҷанги хонумонсузи ҳамдигаркушӣ, ки анҷоми чунин ҷангҳо даҳсолаҳоро талаб мекунад, хотима бахшида шуд. Гурезаҳо  ба хонаҳои худ  баргардонида шуда, барои обод сохтани харобаҳо шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шуданд.

Зикр шуд, ки бо ташаббуси ин шахсияти бузург  шоҳроҳи  бузурги  Душанбе – Лахш – Саритош,  неругоҳи барқи обии Путовқул-1 ва Путовқул-2, каналҳои Пиёзӣ, Қашқатерак, Ғулама, даҳҳо пулу пойгоҳҳои обкашӣ, беморхонаи нави марказӣ, варзишгоҳи маркази ноҳия, даҳҳо мактабу синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва биноҳои сеошёна бо тарҳи замонавӣ ба истифода дода шуданд, ки дар 70 соли даврони Шӯравӣ ин гуна созандагиву ободкорӣ сурат нагирифта буд.

Ноябрь 16, 2017 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад