Таҷлили 25-умин солгарди иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Боку
ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Боку –пойтахти Озарбойҷон ҳамоиши сатҳи баланд доир гардид. Ҳамоиш бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дастгирии Парлумони Озарбойҷон созмон дода шуда, дар он намояндагони корпуси дипломатии муқими Озарбойҷон, вакилони Парлумони ин кишвар, олимон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, муовини аввали раиси Миллӣ Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Зияфет Аскеров, раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон Айдин Мирзазаде, инчунин дигар вакилони Парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон доир ба аҳамияти таърихии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карданд. Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди низоми нави давлатдории тоҷикон, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки созиши миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки ба мардуми тоҷик муяссар гардид, идомаи мантиқии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамоиш ҳамзамон нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти сулҳовар ва асосгузори истиқлолияти тоҷикон, бунёдгузори ислоҳоти амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин ташаббускори дигаргуниҳои созанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.
Дар доираи ҳамоиш аксҳо аз ҷараёни иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи минбаъдаи амалисозии қарорҳои тақдирсози иҷлосия, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳо ва лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






