Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Берлин
ДУШАНБЕ, 08.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Германия бахшида ба 23-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳои кишварамон, ки ҷиҳати иштирок дар барномаи табодули байнидонишгоҳӣ дар Германия қарор доштанд, баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати ҶТ дар ҶФГ хабар доданд.
Дар оғози ҷамъомад Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик намуда, оид ба зарурат ва моҳияти қабули ин шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат сухан гуфт. Сафир зикр кард, ки маҳз баъд аз қабули Конститутсия Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақому ҷойгоҳи хоси худро соҳиб шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмиллалӣ эътироф гардид.









Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






