«Таҷлили Рӯзи Президент-ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан ба миллат аст»-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ дар Академияи илмҳо

Ноябрь 15, 2017 15:57

ДУШАНБЕ, 15.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад. Ман фикр мекунам, ки таҷлил намудани Рӯзи Президент- ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан арҷгузорӣ ба миллат аст. Зеро миллат  метавонад роҳбарашро қадр кунад, аҷр гузорад ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтааш саҳмгузор бошад. Ин нуктаро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни ҳамоиши илмӣ дар Душанбе баён дошт.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пагоҳ, 16 ноябр дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, ҷамъомади тантанавӣ  баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур олимон, донишҷӯён ва аспирантону унвонҷӯёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватани тоҷикон беандоза бузург аст.

«Мо  Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ғурури баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа пешвоз гирифта, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба истиқлолияти давлатӣ ва иқдомҳои неки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем»,-         гуфт ноиби президенти АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад.

Маврид ба зикр аст, ки доир ба ниҳоди президентӣ ва таъриху таҳаввулоти он кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ Имомқул Буриев ва Нусратулло Зокиров сухан гуфтанд.

Ноябрь 15, 2017 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад