ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 21 ноябр, сешанбе, 325-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 40 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
21 ноябри соли 2002 дар шаҳри Млада Болеслави Ҷумҳурии Чехия зимни вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайати расмии чех ва ширкати автомобилсозии машҳур «Шкода АУТО» масъалаи дар шаҳри Душанбе кушодани фурӯшгоҳи автомобилии мазкур баррасӣ гардида буд.
***
3 сол пеш, 21 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуда буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид мекунад” баргузор гардида буд.
21 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии телевизион.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии салом.
***
Дар Россия – Рӯзи кормандони сохтори андоз.
***
Дар Камбоҷа – Фестивали об.
РӮЙДОДҲО:
21 ноябри соли 2013 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» дар доираи лоиҳаи «Рушди воситаҳои ахбори оммаи пурқувват ва мустақил» барои воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи «Пешниҳоде, ки рад карданаш имконнопазир аст» давраи омӯзишӣ доир карда шуд.
***
21 ноябри соли 1847 дар кӯли Мичигани ИМА киштии Голландия «Финикс» оташ гираифт, ки дар натиҷа 240 нафар ба ҳалокат расида буданд.
***
21 ноябри соли 1892 дар Париж Ҳизби сотсиалистии полякҳо таъсис дода шуд.
***
69 сол пеш аз ин, 21 ноябри соли 1948 дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи эълонҳо ва нашрияҳои Кумитаи зиддифашистии Аврупо манъ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1949 Ассамблеяи Генералии СММ барои пурра мустақил гардидани мустамликаҳои собиқи Италия овоз дода буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1972 дар сессияи 17- уми Конфронси генералии ЮНЕСКО Ҷумҳурии Демократии Германия ба ҳайати он шомил карда шуд.
***
Соли 1996 дар қароргоҳи СММ аввалин форуми байналмилалии телевизионӣ баргузор гардида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






