«Тоҷик Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба Сургут барқарор менамояд
ДУШАНБЕ, 07.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 3 декабри соли равон ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Сургут – Душанбе ба роҳ мемонад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон- «Тоҷик Эйр» иттилоъ доданд.
Парвозҳо дар ду ҳафта як маротиба- рӯзи якшанбе тариқи ҳавопаймои «Боинг 737 – 300» сурат мегиранд. Арзиши чипта 1856 сомониро ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» соли 1930 таъсис дода шуда, фаъолияташро дар самти интиқоли мусофирон, бору бағоҷ, ҳамчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоҳо ба роҳ мондааст.
«Тоҷик Эйр» парвозҳоро мунтазам ба шаҳрҳои Алмаато, Бишкек, Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут, ҳамчунин Хуҷанду Хоруғ анҷом медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






