«Тоҷикагролизинг» аз Беларус ва Чин ба Тоҷикистон 72 адад трактори универсалӣ ворид кард

Ноябрь 7, 2017 16:57

ДУШАНБЕ, 07.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» аз Ҷумҳурии Беларус 40 адад ва аз Ҷумҳурии Мардумии Чин  32 адад тракторҳои универсалиро вориди кишвар намуда, тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод менамояд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Ибодулло Оқилпур иброз намуд: «ин тракторҳо дар асоси шартномаи тарафайн бо Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд. Тракторҳои беларусӣ тамғаҳои МТЗ 82.1, 80Х, 1025, аз Чин  тамғаҳои  ЮТО 254, 304, 902 ва 1302 тасмачарх ва чархдорро ташкил медиҳанд».

Ба маълумоти Ибодулло Оқилпур, тракторҳои мазкур бисёрсоҳа буда, дар байни боғу токзор ва заминҳои кишт фаъолият намуда, ба шароити иқлими ҷумҳурӣ мусоид мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл КДДҶ «Тоҷикагролизинг» аввалин маротиба барои шоликорони ҷумҳурӣ аз Германия 10 адад комбайнҳои тасмачарх ва чархдори шолидарави навъи «KLAAS-Tiger»-ро ворид намуда буд.

Ноябрь 7, 2017 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад