«Тоҷикистон хонадони ҷовидони Ваҳдат аст!»-дарси ифтихори миллӣ дар Душанбе

Ноябрь 17, 2017 15:57

ДУШАНБЕ, 17.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон» барномаи фарҳангӣ ва «Дарси ифтихори миллӣ» бо хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе доир гардид.

Иштирокдорони «Дарси ифтихори миллӣ» вобаста ба саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлат, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, густариши фарҳанги сулҳ ва ваҳдату ризоияти миллӣ сухан гуфтанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи мазкур дар  доираи ҳамоиши «Тоҷикистон хонадони ҷовидони Ваҳдат аст», ки бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба ҷашнҳои таърихию сиёсии мамлакат роҳандозӣ гардидааст, доир гардид.

Ҳадафи ҳамоиш  аз тарғиби саҳми Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, нақши ваҳдати миллӣ  ҳамчун омили меҳварии таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарғиби ваҳдату ризоияти миллӣ ба сифати дастоварди нодиртарини ҷомеаи муосир, баланд бардоштани нақши аҳли эҷод дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа иборат буд.

Ноябрь 17, 2017 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад