Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд

Ноябрь 8, 2017 09:03

ДУШАНБЕ, 08.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз  10 то 12 ноябр дар шаҳри Сочии  Федератсияи Россия Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон баргузор мешавад, ки дар он 9 варзишгари тоҷик ширкат мекунанд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар чемпионати имсола қариб 1000 нафар варзишгарон  аз 90 кишвар  иштирок менамоянд. Аз ҷумла, варзишгарон аз   Чин, Бангладеш, Сент-Люсия, Миср, Конго, Кот-д’Ивуар   барои медалҳо рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро   дар ин мусобиқа  варзишгарон  Ҷомии Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 кг), Фирдавс Насимов (-100 кг) ва  Набимуҳаммад Хоркашов (+100 кг)  намояндагӣ мекунанд.

 

 

Ноябрь 8, 2017 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад