ТОРҲОИ АНКАБУТИ ТЭТ ҲНИТ. Ё чаро Кабирӣ ҳукми қатли Собиршо Ҳасановро содир кард?

Ноябрь 30, 2017 16:58

ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Мусоҳибаи Собиршо Ҳасанов бо хабарнигори АМИТ “Ховар” таҳти унвони «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад» дар байни хонандагони сомонаи мо вокуниш ба амал овард.  Як нафар сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар номаи худ чунин нигоштааст:

Мусоҳибаро хонда, аз ҳамоқату разолати бархе аз ҳамватанони раҳгумзада нангам омад ва нафратам нисбат ба ТЭТ ҲНИТ ва думравони филиалаш – Гурӯҳи 24 садчандон афзуд.

Махсусан ҳолате, ки дар мулки бегона як ҳамватанро овора сохта, баъдан қасди ҷисман нобуд карданашро мекунанд, ин ҳамватани бечораро ба таври гурӯҳӣ мавриди лату кӯб қарор медиҳанду аз ин ҳатто дили туркон, ки ҳамватани мо нестанд, ба дард омада, ӯро аз зери мушту лагади ҳамватанони дигар халос мекунад, воқеан нангин аст. Ин бори дигар собит месозад, ки террорист ватан надорад, нангу номус надорад, имон надорад ва ба онҳо эътимод кардан баробар ба худкушист. Тавре хондем, Собиршо Ҳасанов баҳои зудбовариашро қариб буд бо нақди ҷон пардохт карда, зану фарзандонашро ба доми марг тела диҳад.

Аммо ин ҷо ҳам ба фаросати Собиршо Ҳасанов аҳсан мегӯем, ки ҷони худро дар варта андохту то охир ба доми андохтаи Гурӯҳи 24 ва ТЭТ ҲНИТ наафтод. Бо ақли солим дарк намуд, ки роҳи нишондодаи ин ашхоси беватану беномус роҳи маргу нобудист.

Пас аз хондани ин мусоҳиба дарк кардам, ки чаро ҷавонони дар Ватан муътадилу боадаб яку якбора дар хориҷ иртиҷоӣ мешаванду нисбат ба Ватану миллати худ таҳқиру носазогӯӣ оғоз мекунанд ва ин таҳқирномаҳои онҳо тариқи видео дар интернет паҳн мегарданд. Чунин ҳолатҳое буданд, ки ҳатто волидонашон дар ҳолати садамоти сахт монда, фарзандони худро аз тарзи гуфторашон қариб нашиносанд.

Тавре аз мусоҳиба маълум шуд, усули ба хоини миллату давлат табдил додани ҷавонон аз тарафи ТЭТ ҲНИТ усули бағоят маккорона будааст. Дар аввали шиносоӣ онҳо худро хайрхоҳ вонамуд карда, дар баъзе масъалаҳо кумак намуда, объекти худро “қарздор” мекунанд. Сипас мафкураи ӯро барои ватанбадбинӣ омода месозанд (таҳқиру дашномҳое, ки Саъдиву занаш нисбат ба давлату ҳукумат анҷом додаанд), баъдан пешниҳоди пулу паноҳандагӣ дар давлатҳои Аврупо ва ҳамаи ин бар ивази он ки дар назди камера нисбат ба Ватану ҳамватанон бадгӯӣ кунӣ, то роҳи ақиб гаштан бароят намонад.

Ин қисмати мусоҳиба пардаро аз рӯи найрангҳои ТЭТ ҲНИТ пурра мебардорад: “Тавре гуфтам, маблағи пулии шахсоне, ки барои ба Сурия рафтан розӣ мешаванд, аз ҷониби Кабирӣ ва одамони ӯ пардохт мегардад. Пеш аз гирифтани маблағи пулӣ шуморо дар видео сабт мекунанд. Яъне, шумо бояд дар назди камераи телефон нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарияти он  носазогӯӣ кунед, тарзи зиндагонии Тоҷикистонро ғайриисломӣ ва ноозод гӯед. Изҳор кунед, ки дар Тоҷикистон нисбат ба диндорон ва дини ислом муносибати бад ҷорӣ аст. Одамонро даъват кунед, ки ба Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» ҳамроҳ шуда, ба муқобили Ҳукумати Тоҷикистон мубориза баранд. Вақте сухани худро тамом кардед,  он  сабт шуд, баъди ин ба шумо 10 ҳазор доллар дода мешавад. Сипас шуморо аз ҳисоби маблағҳои худатон, ки бояд дар Сурия гиред, боз ба Сурия мефиристанд”.

Воқеан, агар касе худро дар вазъияти Собиршо Ҳасанов тасаввур кунад ва ин ҷумлаҳоро хонад, ваҳшатзада мешавад. Ин қадар ҳиллаву найранг ба хотири хиёнат ба ватану ҳамватанон аз куҷо ба сари Кабириву ӯ баринҳо омадааст? Маълум, ки онҳо дар хориҷи кишвар аз пуштибонии гурӯҳҳои манфитхоҳ, ки нооромиву нокомии Тоҷикистонро мехоҳанд, ҳамаҷониба дастгирӣ шуда истодаанд. Боз шояд саволе пайдо шавад, ки барои чӣ чунин масъалаи глобалӣ – сафарбаркунии ҷавонони тоҷикро ба сафи ДИИШ дар Сурия ба ТЭТ ҲНИТ бовар кардаанд ва чаро аксаран ба ин дом ҷавонони муҳоҷири тоҷик меафтанд?

Таърихи сиёҳи фаъолияти ТЭТ ҲНИТ собит кардааст ва дар мусоҳибаи Сайҷалол Сияҳаков, собиқ муовини сардори созмони амнияти Наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашрияи “Хатлон” низ зикр гардидааст, ки ТЭТ ҲНИТ дар гумроҳсозии муҳоҷирон ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣ таҷриба андӯхтааст. Маҳз дар ҳамон давра бо супориши хоҷагони хориҷиашон дар кишвар нооромиҳоро роҳандозӣ карда, мардумро ба гурехтан ба Афғонистон ташвиқ мекарданд ва касоне, ки “гуреза” шудан намехостанд, кушта мешуданд. Дар Афонистон боз ҳамин ҳиллаҳое, ки нисбат ба Собиршо Ҳасанов анҷом доданд – нишон додани ҳисси “ғамхорӣ”, ба курсҳои хоинтайёркунӣ фиристодану мағзшӯӣ кардан, аз ҳисоби онҳо омода намудани дастаҳои террористӣ ва ба муқобили миллату ватан сафарбар намудани онҳоро истифода мебурданд.

Агар Сайҷалол Сияҳаков дар бораи мактаби хоинтайёркунии ҲНИТ ишорае карда бошад ва он ҳам беш аз 20 сол пеш, аммо Собиршо Ҳасанов дар таҷрибаи талхи ҳаёти худ собит сохт, ки дари ин “мактаб” ва дари ҳамёни муассисону маблағгузорони хориҷии он ҳанӯз ҳам боз аст. Маҳз ба хотири фош нашудани ин сир Кабирӣ фармон дод, ки фавран Собиршо Ҳасанов ва аҳли оилаи ӯро ҷисман нобуд кунанд. Зеро эшон бо вуҷуди таклифу мағзшӯиҳо ва дарки мақсаду ҳадафҳои ТЭТ ҲНИТ розӣ нашудаанд, ки ба ватан хиёнат кунанд. Аҳсан ба онҳо!!!

Мусоҳибаи мазкур аз ҳазор ниқобе, ки ТЭТ ҲНИТ ба хотири гумроҳсозии ҷавонон ба рӯи худ кашидааст, боз якеи дигарро барканд ва чеҳраи манфурашро як бори дигар ба намоиш гузошт. Ин сарнавишт боиси ибрати ҷавонони кишвар бояд бошад. Ҷавонони саодатманди тоҷик, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаанд, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватансозӣ бошанд ва ба иғвову дасисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатбохтагон дода нашаванд.

Асламшо ҲИКМАТШОЕВ,

собиқадори меҳнат аз ноҳияи Муъминобод

Ноябрь 30, 2017 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад