«ТУ ҲАМ ЁДЕ БИКУН АЗ МАН…». Имрӯз – зодрӯзи сарояндаи маҳбуб Кароматуллои Қурбон
ДУШАНБЕ, 29.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Агар сарояндаи мумтози эстрадаи тоҷик Кароматуллои Қурбон зинда мешуд, имрӯз, 29 ноябр, ба синни 56 мерасид. Афсӯс, ки ӯ хеле ҷавон аз олам даргузаштааст. Вале дар ёду қалбҳои ҳаводоронаш зинда аст. Ӯ дар тӯли ҳамагӣ 31 сол, чун ситораи дигари Шарқ Аҳмад Зоҳир, чунон зиндагии нек ба сар бурда ва ончунон суруду таронаҳои дилошӯб эҷод карда ва сароида буд, ки баъзан намешавад тӯли сад сол низ ба ҷо овард. Дар зер чанд сатре дар ёдкарди ин маҳбуби дилҳо пешкаши мухлисонаш мегардонем.
Кароматуллои Қурбон – сарояндаи беҳтарини эстрадаи тоҷик, ки солҳои 1980-1995 номаш ҳамчун ахтари нотакрори санъати тоҷик вирди забонҳо буд, шуҳрати ҳунару истеъдоди волои сурудхонияш имрӯз низ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар мамолики собиқи шўравӣ, кишварҳои форсизабону туркзабон ва Ҳинду Аврупо барҷост.
Ӯ 29 ноябри соли 1961 дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, ихтисоси касбиро соли 1982 дар Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Душанбе ба номи Мирзо Турсунзода гирифтааст.
Дар давараи мактабхонию донишҷӯияш Караматуллои Қурбон алакай худро дар ҷодаи санъат нишон дода, дар чорабиниҳои гуногун суруд мехонд. Аз ин ҷост, ки баъди хатми донишкада якбора тавонист дар оркестри эстрадии овозадори «Гулшан» ба кор пазируфта шавад.
Суруду таронаҳои дилангези Кароматуллои Курбон дар телевизиону радиои ватанӣ пайваста садо медоданд ва ва садҳо ҳазор мухлисон доштанд.
Кароматуллои Қурбон ба бисёр мамолики собиқ шӯравӣ ва кишварҳои Осиё сафарҳои ҳунарӣ низ анҷом дода, санъати зебои тоҷикро муаррифӣ намудааст.
Кароматуллои Қурбон ҳаёти худро дар сини ҷавонӣ бар асари як ҳамлаи ноҷавонмардона ва ваҳшиёна силоҳбадастони ҷангҷўй аз даст додаст. Ӯ 18 октябри соли 1992 шабона ҳангоми аз тўй баргаштан дар ноҳияи Ёвон дар қатори дигар рафиқонаш ба қатл расонида шудааст. Ин рўзро мардуми тоҷик ҳамчун яке аз рўзҳои тираи таърихи худ ва рӯзи бохти бузурги санъату ҳунари худ мешуморанд.
Кароматуллои Қурбон дар тӯли умри ҷавони худ тавонистааст зиёда аз 7 дастаи (албоми) сурудҳояшро сабт намояд, ки дар маҷмуъ аз 76 суруду тарона доир ба Модар, Ватан, ишқу муҳаббат, зебоӣ дигар мавзӯҳои ҷовидонӣ ва ҳассоси рӯзгори инсоният иборат мебошанд. Сурудҳои «Лаъли лабони мани биё», «Турки камонабрӯ», «Санги мазорам», «Бо ман бимон», «Рақс бикун, ҷоно!», «Танҳо шудам», «Бишнав, ки аз бунёди ман…» ва ғайраҳо аз беҳтарин сурудаҳои ҳофиз буда, солҳои сол дар забон ва дар дилу хотири мардум боқӣ хоҳанд монд.
Кароматуллои Қурбон дар қатори суруду таронаҳояш ҳамчунин аз худ се фарзанди намунавӣ боқӣ гузоштааст, ки ду нафар аз онҳо – Муҳаммадрофӣ ва Нозия дар зиндагӣ мисли падарашон ҷодаи санатро ихтиёр намуда, номи накӯ ва эҷодиёти Кароматуллои Қурбонро идома медиҳанд. Муҳаммадрофӣ роҳбари бадеии ансамбли эстрадиии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нозия узви ин ансамбл мебошанд.
Муҳаммадрофӣ Кароматулло имрӯз, 29 ноябр, бахшида ба зодрӯзи падараш-ҳунарманди номдори тоҷик Кароматуллои Қурбон дар шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ мекунад. Мавриди зикр аст, ки фарзандони Кароматуллои Қурбон тайи чор сол аст, ки пайи ҳам ба хотири бузургдошти падарашон дар ин рӯз консерт медиҳанд. Имсол Муҳаммадрафӣ Кароматулло тасмими гирифтааст, ки зодрӯзи падарро дар шаҳри Хуҷанд таҷлил кунад. Консерт, шоми имрӯз соати 17:00 дар Театри мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор хоҳад шуд.
Руйхати таронаҳои Кароматуллои Қурбон
- Бикашам ба ноз рӯзе
- Баҳрам
- Ватан
- Хоҳиш
- Ман бо духтаре вохурдам
- Ай духтаре
- Масти нози лайло
- Ман агар мастам
- Ту ҳам ёде бикун аз ман
- Камонабрӯ
- Шаҳ муборак!
- Сабзак лаби ҷӯй
- Ҳарими кӯят
- Ҳиндӣ
- Дилро бубин
- Ҳиндӣ (ye yare sun)
- Зебосанам
- Душанбе
- Ҳиндӣ (Amal akbal antoni)
- Суғдиён
- Ҳиндӣ (hudoi man)
- Дигар марав
- Гулзори ман
- Варзоб ба дара
- Эй подшаҳи хубон
- Модар
- Фарқ дорӣ
- Ҳиндӣ (o meri mahbuba)
- Макун аз барам ҷудоӣ
- Бо ман бимон
- Зебосанам
- Арусӣ
- Мисраи гумгашта
- Ҳиндӣ (ishki tu)
- Имшаб
- Чӣ мехоҳӣ
- Макун аз барам ҷудоӣ
- Бевафо
- Кабӯтари сафеди ишқ
- Алӣ-бобо
- Ҳиндӣ (dili man)
- Шаби ошикони бедил
- Бо дили дарё нишинам
- Ҳиндӣ (mahmubai man)
- Чи дидам
- Имшаб
- Навруз
- Арабӣ (hilhilla)
- Бишнав, ки аз бунёди ман
- Арусӣ
- Овора
- Намедонам чи мехоҳам, Худоё
- Борони баҳор
- Зиндагӣ
- Лаъли лабон
- Лали яман
- Фирӯза
- 59.Модар
- Маҳрӯи ман
- Ай ёр
- Тақдир
- Махмури ҷоми ишқам
- Зиндагӣ
- Ошиқони Варзоб
- Ҳиндӣ (nele nele ambar par)
- Турки камонабрӯ
- Андак-андак
- Олиҳаи ноз
- Рақс бикун, ҷоно
- Боз омадӣ, хуш омадӣ
- Танҳо шудам
- Хазонрез
- Санги мазорам
- Хайрбод