Вакили Парлумони Аврупо таассуроташро дар бораи Президенти Тоҷикистон қисса кард

Ноябрь 22, 2017 16:09

ДУШАНБЕ, 22.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати расмии Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аввали моҳи ноябр ба Душанбе ташриф оварда буд. Вакилони Аврупоро шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.

Мулоқоти онҳо ба масоили ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин  масоили умумии марбут ба иқтисоду амният бахшида шуда буд.

Яке аз аъзои ҳайати вакилони Парлумони Аврупо, вакил аз Латвия Андрей Мамикин дар саҳифаи худ дар  «Facebook» дар бораи ин мулоқот ва дар бораи он, ки чӣ гуна ин мулоқоти расмӣ аз доираи қатъии протокол баромад, нақл кардааст…

«Тоҷикистон, Душанбе. Дар ду соли охир ман ба ин ҷо маротибаи дуюм омадам.

Ва ин мулоқоти дуюм бо Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Суҳбат бо Ҷаноби Президент ба ҷои 40 дақиқаи муқарраршуда ду соат давом кард.

Президент супориш доданд, ки ба толор харита биёранд ва дар бораи зиддиятҳои физикӣ ва дипломатӣ барои борҳои  Осиё Марказӣ муфассал нақл карданд. Ман бори дигар ба фикр фурӯ рафтам: вақте Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон масоили сиёсати хориҷиро баррасӣ мекунанд, ин ҳама вақт ҷолиб аст, ҳарчанд агар ҳамаи ин аз Брюссел ба таври дигар дида мешавад.

Инак, Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги то ҳанӯз истифоданашуда мебошад ва барои ин тариқи Афғонистон ва Покистон содир намудани маъданҳояш осонтар аст. Аз ин ҷо то Қарочӣ — бузургтарин бандар дар Осиёи Ҷанубӣ 1,400 километр масофа аст. Аммо то он даме, ки дар Афғонистон «Толибон» ҳастанд, истифода аз ин роҳ мушкил хоҳад буд.

Дар суҳбат бо Президенти Тоҷикистон масъалаи дигар — мубориза бо камбизоатӣ, ки ба Нақшаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 дохил карда шудааст, таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб кард.

Ҳарчанд каме паст ҳам бошад, аммо сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон (замоне ҷумҳурии камбизоаттарин ва беэътибори ИҶШС) меафзояд ва зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Метавонам аз рӯи чанд рӯзи ду сол пеш дар шаҳри Душанбе гузарондаам ва ҳоло мулоҳиза намоям: он вақт номунтазамии қувваи барқ дар худи меҳмонхонаи «Серена» дида мешуд, ҳоло Душанбе бо қувваи барқ пурра таъмин аст. Тамоми ҷумҳурӣ, ҳатто он ҷойҳое, ки ду сол қабл тамоман қувваи барқ надоштанд, бо он таъминанд.

 

Аз ҷайбам сиккаи нуқрагии хотиравии ба Райнис ва Аспаз бахшидашударо баровардам. Симои ҳайратангези корманди протоколиро мебинам: дар Тоҷикистон ба Президент мустақиман туҳфа додан қобили қабул нест, танҳо тавассути протокол. Ва ман фикр мекунам: «Ҳарчи бодо бод!»

Вале ман симои Президентро низ мебинам: албатта, таваҷҷуҳ ба он кас хуш омад ва дар бораи Латвия бисёр суханҳои гарму самимӣ гуфтанд.

Дар ин ҷо охирин монеаи протоколӣ барҳам мехӯрад: Президент ба забони русӣ гузаштанд (то ин лаҳза бо забони тоҷикӣ тавассути тарҷумонашон ба англисӣ суҳбат мекарданд).

Ва дар назди ман Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Инсон мемонанд. Он кас ногаҳон нақл карданд, ки чаро зодрӯзашонро дигар дӯст намедоранд.

Имсол, пас аз чанд соати таҷлили зодрузи Президент бародари калониашон аз олам даргузашт. «Мо бо ҳам бештар аз бародар будем ва тамоми овони кӯдакӣ зери як кӯрпа мехобидем …», — гуфтанд Президент. Дар ин лаҳза ин суханон бисёр самимона буданд.

Ман бори дигар мутмаин мегардам, ки ҳамаи сиёсатмадорони бузург дар масофаи наздик ҳамеша Одамони Бузурганд.

 

Р.S. Ин кори мураккаб аст: Президенти Тоҷикистон будан-  дар кишвари воқеъ дар  минтақаи душвор. Ногуфта намонад, ки аллакай чанд даҳсолаҳо паиҳам Президент Эмомалӣ Раҳмон соати 4 субҳ аз хоб мехезанд, то корро аз соати 6-и субҳ оғоз намоянд. Ва ҳар як вазир медонад, ки Президент метавонад ба вай пеш аз баромадани офтоб занг зананд. Ва вазир бояд ба ҳар як саволи Президент ҷавоб диҳад.

Ноябрь 22, 2017 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад