«Варзиш – қосиди сулҳ»-машқи оммавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Ноябрь 24, 2017 16:20

ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Шаршара» – и назди Наврӯзгоҳи пойтахт таҳти унвони «Варзиш – қосиди сулҳ» машқи пагоҳирӯзии оммавӣ бо иштироки беш аз 10 000 нафар баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар машқи пагоҳирӯзӣ  варизишгарони маъруфи кишвар, кормандони ҷавони  вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мураббиён, устодони соҳаи варзиш, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва сокинони шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлолӣ ва оромиву осудагии кишвар ба ҳисоб меравад ва варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррификунандаи варзиши тоҷик ва парчамбардорони давлату миллати тоҷик   мебошанд.

Ҳамзамон дар доираи машқҳои пагоҳирӯзӣ дар майдони «Шаршара»- и  Наврӯзгоҳ бозиҳои мухталифи варзишӣ бо ҷалби наврасону ҷавонон баргузор карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чорабиниҳои гуногуни варзишӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар давоми рӯз идома меёбанд.

Ноябрь 24, 2017 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад