Зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила зуҳуротест, ки фарҷоми нохушоянд ва фоҷиабор дорад-бардошт аз маъракаи «16 Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ»

Ноябрь 28, 2017 16:53

ДУШАНБЕ, 28.11.2017/АМИТ «Ховар»/. «Садои занони Тоҷикистон» («Голоса женщин Таджикистана»)-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи «16 Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ», ки ҳадафаш ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти умдаи иҷтимоӣ, бахусус зӯроварии оилавӣ ва бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон мебошад,  конференсия доир гардид.

Дар кори конференсия  журналистон, равоншиносон, ҳуқуқшиносон ва коршиносон, инчунин  намояндагони созмонҳои байналхалқӣ  ширкат варзида, дар бораи тадбирҳои роҳандозишудаи марбут ба огоҳсозӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва мушкилоти занҳои водии Рашт маълумот дода шуд.

Зикр гардид, ки зӯроварии хонаводагӣ ҳамоно аз зуҳуроти фарогир ба ҳисоб рафта, ҳам дар оилаҳои камбизоат ва ҳам дар хонаводаҳое, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ таъмин ҳастанд, мушоҳида мешавад.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доимо дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ ёфтани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд».

Дар ин давра якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои занон қабул гардиданд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз зумраи онҳо ба шумор меравад. Ҳамчунин тибқи муқаррароти қонуни мазкур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Тибқи санадҳои зикршуда бояд ба ҷабрдидагони хушунат ва зӯроварӣ хизматгузориҳои иҷтимоӣ пешниҳод гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо, махсусан оид ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда бо мақсади ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлат оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оила тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бояд зикр намуд, ки зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила, мутаассифона, зуҳуроти дар ҷаҳон аз ҳама зиёд паҳншудааст, ки фарҷоми нохушоянд ва фоҷиабор дорад. Он аксаран бо амалияи анъанавии дар ин ё он фарҳанг қабулшуда, ки арзишҳо ва ихлосмандиҳои бардавоми ҷомеаро инъикос менамояд, алоқаманд мебошад. Ҷомеаи байналмилалӣ солиёни зиёд ба масъалаи зӯроварӣ нисбат ба занҳо дахолат намекард. Зеро чунин ҳисобида мешуд, ки ин масъала ҷанбаи маҳрамонаву хусусӣ дошта, таъсири конвенсияҳои байналмилалӣ ба он коргар нест. Аммо, ба андозаи зиёд шудани шумораи низоъҳои миллӣ ва афзоиши ҷаҳолат дар ҷомеа, аз зӯровариҳо на танҳо занҳои алоҳида, балки кулли гурӯҳҳои иҷтимоӣ пайваста азият диданд. Ҳарчанд вайрон кардани ҳуқуқҳои занон дар мамлакатҳои ҷаҳон бо тарзҳои гуногун ба амал меояд, ҳамаи ҷабрдидагони чунин ҳуқуқвайронкуниҳо як омили муҳими дучори зӯроварӣ шудан доранд, яъне онҳо зан ҳастанд. Маҳз бо ҳамин сабаб Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 20 декабри соли 1993 Эъломия дар бораи решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба занонро қабул намуд.

Ноябрь 28, 2017 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад