Зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила зуҳуротест, ки фарҷоми нохушоянд ва фоҷиабор дорад-бардошт аз маъракаи «16 Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ»
ДУШАНБЕ, 28.11.2017/АМИТ «Ховар»/. «Садои занони Тоҷикистон» («Голоса женщин Таджикистана»)-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи «16 Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ», ки ҳадафаш ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти умдаи иҷтимоӣ, бахусус зӯроварии оилавӣ ва бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон мебошад, конференсия доир гардид.
Дар кори конференсия журналистон, равоншиносон, ҳуқуқшиносон ва коршиносон, инчунин намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ширкат варзида, дар бораи тадбирҳои роҳандозишудаи марбут ба огоҳсозӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва мушкилоти занҳои водии Рашт маълумот дода шуд.
Зикр гардид, ки зӯроварии хонаводагӣ ҳамоно аз зуҳуроти фарогир ба ҳисоб рафта, ҳам дар оилаҳои камбизоат ва ҳам дар хонаводаҳое, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ таъмин ҳастанд, мушоҳида мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доимо дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ ёфтани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд».
Дар ин давра якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои занон қабул гардиданд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз зумраи онҳо ба шумор меравад. Ҳамчунин тибқи муқаррароти қонуни мазкур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.
Тибқи санадҳои зикршуда бояд ба ҷабрдидагони хушунат ва зӯроварӣ хизматгузориҳои иҷтимоӣ пешниҳод гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо, махсусан оид ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда бо мақсади ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлат оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оила тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Бояд зикр намуд, ки зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила, мутаассифона, зуҳуроти дар ҷаҳон аз ҳама зиёд паҳншудааст, ки фарҷоми нохушоянд ва фоҷиабор дорад. Он аксаран бо амалияи анъанавии дар ин ё он фарҳанг қабулшуда, ки арзишҳо ва ихлосмандиҳои бардавоми ҷомеаро инъикос менамояд, алоқаманд мебошад. Ҷомеаи байналмилалӣ солиёни зиёд ба масъалаи зӯроварӣ нисбат ба занҳо дахолат намекард. Зеро чунин ҳисобида мешуд, ки ин масъала ҷанбаи маҳрамонаву хусусӣ дошта, таъсири конвенсияҳои байналмилалӣ ба он коргар нест. Аммо, ба андозаи зиёд шудани шумораи низоъҳои миллӣ ва афзоиши ҷаҳолат дар ҷомеа, аз зӯровариҳо на танҳо занҳои алоҳида, балки кулли гурӯҳҳои иҷтимоӣ пайваста азият диданд. Ҳарчанд вайрон кардани ҳуқуқҳои занон дар мамлакатҳои ҷаҳон бо тарзҳои гуногун ба амал меояд, ҳамаи ҷабрдидагони чунин ҳуқуқвайронкуниҳо як омили муҳими дучори зӯроварӣ шудан доранд, яъне онҳо зан ҳастанд. Маҳз бо ҳамин сабаб Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 20 декабри соли 1993 Эъломия дар бораи решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба занонро қабул намуд.








Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид






