ЗИМИСТОН МЕОЯД… Корҳои омодагӣ дар минтақаи Рашт идома доранд
РАШТ, 09.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» дар 7 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт ва минтақаи Ҳоит ва Лахш 2945 м3 маводи зиддилағжиш, 17,5 тонна намаки техникӣ, 22 тонна ангишт, 38 м3 ҳезум ва 16 ҳазору 600 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудааст. Дар ин бора сардори муассиса Нуриддин Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт дар тавозуни худ 941,6 км роҳҳоро ба уҳда дорад, ки аз он 299,1 км роҳҳои байналмилалӣ, 174,64 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 467,88 км роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.
Соли равон барои ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт 234 км роҳҳо таъмири асосӣ ва ҷорӣ гардида, 574,9 метр пулҳо таъмир ва барқарор шуданд. Инчунин барои зимистонгузаронӣ 49 адад техника ва механизмҳо мавриди омодабош қарор доранд. Аз ин шумора ду адад техникаи роҳдорӣ ба таври доимӣ дар ағбаи Қарамиқи ноҳияи Лахш вобаста карда шудаанд.
Тибқи иттилои муовини сардори Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт Ҷамшед Қурбоналиев, ҷиҳати истифодаи мақсадноки техника ва механизмҳои роҳсозӣ ва беҳдошти ҳолати роҳҳои мошингарди маҳаллии истифодаи умум дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои Нуробод 61 ҳазору 870 сомонӣ, Сангвор 50 ҳазор сомонӣ, Тоҷикобод 24 ҳазору 970 сомонӣ ва Лахш 29 ҳазору 300 сомонӣ ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои мазкур маблағгузорӣ шудааст.
Вале то имрӯз барои пурра омода гардидани Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Рашт ва минтақаи Ҳоит ба давраи зимистони солҳои 2017-2018 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт маблағ ҷудо нагардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






