АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ! 11 дигаргунии чашмрас дар пойтахт дар 11 моҳи фаъолияти ҷавонтарин Раиси шаҳр дар таърихи Тоҷикистон

Декабрь 15, 2017 09:00

ДУШАНБЕ, 15.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пойтахт симо ва ойинаи давлату миллат буда, рафъи камбудиву мушкилоти мавҷуда ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он вазифаи на фақат мақомоти шаҳрдорӣ, балки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017 таъкид намуданд.

Инак, аз  мулоқоти мазкур  11 моҳ сипарӣ мегардад. Дар ин муддат иҷрои  дастуру супоришҳои  Пешвои миллат  аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ ва сохторҳои марбута симои Душанберо  ба куллӣ тағйир   дод ва  рушди  минбаъдаи онро муайян намуд.    

 Инак, 11 дастоварди пойтахт дар 11 моҳи  соли 2017 ҳамчун намуна    аз муваффақиятҳои кори ҷавонтарин Раиси шаҳр дар таърихи Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ   аз нигоҳи хабарнигорони  АМИТ «Ховар».    

1. Таҳия ва пешниҳоди барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе

 Бо мақсади иҷрои нахустин  супориши  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  масъулини пойтахт ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати  таҳияи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» гурӯҳи корӣ таъсис доданд. Гурӯҳи мазкур муддати зиёда аз шаш  моҳ   бо дарназардошти фикру мулоҳиза, таклифҳои созандаи сокинони шаҳр  ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин барномаро  таҳия намуд, ки он  дар иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе 11 декабри соли равон   тасдиқ гардид.

2.Мавриди такмил қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 Сарвари давлат  дар мулоқоти мазкур таъкид намуданд,  ки қонуни зикршуда ҳанӯз 21 сол қабл, яъне соли 1996 қабул гардида, то ба имрӯз мавриди такмили ҷиддӣ қарор дода нашудааст ва муқаррароти он ба талаботи шаҳрдории имрӯза ҷавобгӯ набуда, ба мукаммалгардонӣ ниёз дорад.

 Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.

Дар қонуни мазкур шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди марзиву маъмурие дониста шудааст, ки мақоми махсуси давлатӣ дошта, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, маҳали нигоҳдории нусхаи асли матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун ҷойи тайёр кардани шакли аслии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.

Вазири адлияи ҷумҳурӣ Шоҳмурод Рустам  зимни баррасии лоиҳаи мазкур зикр кард, ки   лоиҳаи қонун вазъи ҳуқуқии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, хусусиятҳои идоракунӣ ва шартҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти онро муайян мекунад. Дар он мафҳуми «Мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташреҳ ёфта, кафолатҳои таъмини функсияи пойтахт, мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои функсияи он танзим шудаанд.

3. Бо оби тоза таъмин намудани аҳолии шаҳр

Ҳамчунин барқарорсозии иншооту дастгоҳҳои санитариву обтозакунии пойтахт мутобиқ ба талаботи замон  аз супоришҳои дигари  Президенти мамлакат  маҳсуб мешавад.

Дар ин робита  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расман ба ифтитоҳи истгоҳи обполоиш дар истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкунии «Худҷореъшаванда»-и КВД «Обу корези Душанбе» заминагузорӣ карда, бо пахши тугмаи идора ба фаъолияти обполакҳои зудамали регӣ ибтидо гузошт.

Ногуфта намонад, ки сохтмони обполакҳои зудамали регӣ бо мақсади  аз байн бурдани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда дар бахши безараргардонии оби ошомиданӣ дар пойтахт  оғоз гардида,  иқтидори истеҳсолии ин иншоот 150 ҳазор метри мукааб об дар як шабонарӯз буда, эҳтиёҷоти беш аз 300 ҳазор аҳолии шаҳрро қонеъ месозад. Дар таъминоти саривақтӣ ва мунтазами аҳолии шаҳри Душанбе бо оби тозаи ошомиданӣ ҳавзи танзими шабонарўзии КВД «Обу корези Душанбе»  аҳамияти калон дорад.

4. Нақшаи генералии шаҳри Душанбе

Нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид.

«Алҳол тибқи қарори мазкур   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар пойтахт  нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсуда, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро  тартиб дода, онро давра ба давра  то соли 2025 амалӣ   намуда,    сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ  ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ  мондааст», — иброз дошт муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода.

Бояд зикр кард, ки дар пойтахт соли равон  тибқи нақшаи мазкур  корҳои навсозӣ дар боғҳои  фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ва «Дӯстии халқҳо» ба анҷом расида, ин мавзеъҳо  имрӯз  ба яке аз марказҳои калони фарҳангию фароғатӣ  ва макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони   пойтахт табдил ёфтаанд.

Бояд таъкид намуд, ки  19 июни соли равон  бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт  маркази нави муҳташами истироҳатии «Обшорон» — калонтарин дар мамлакат  аквапарк ё худ парки обӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Аквапарк дар майдони 20 000 метри мураббаъ сохта шуда,   он дар як вақт ба беш аз 300 нафар шаҳрвандон хизмат мерасонад.

Дар нимаи дуюми соли равон дар пойтахт  ҳамчунин Гулгашти назди истгоҳи Роҳи оҳан то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ, ки он дар масоҳати қариб 14 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, пурра навсозӣ гардид.

Дар ҳудуди гулгашт фаввораҳои ҳаракаткунандаи мусиқавӣ бо таҷҳизоти равшанидиҳанда сохта, бо чароғакҳои рангин насбу васл шуда, тавассути барномаи махсус идора карда мешаванд.

Дар боғи мазкур барои 650 нафар ҷойи нишаст омода гардида, 40 баландгӯяк, ки ба хати радиоӣ пайваст мебошанд, ба истироҳаткунандагон хизмат мерасонанд.

Боиси хушнудист, ки дар пойтахт дар давоми 11 моҳ зиёда аз 80 майдончаҳои варзишию фароғатии замонавӣ   дар назди биноҳои истиқоматӣ бунёд гардиданд, ки боиси хушнудии  кўдакону наврасон ва сокинони шаҳр гардидаанд.   Дар шаҳри Душанбе боз бунёди зиёда аз 31 адад чунин майдончаҳои варзишию фароғатӣ дар назар дошта шудааст.

Алҳол дар пойтахт  корҳои бунёдкорию навсозӣ дар «Боғи кӯдакон ва наврасон»,   воқеъ дар буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Шоҳтемури шаҳри Душанбе ва гулгашти нав дар кӯчаи Ғулом Ғафурови  пойтахт  идома доранд.

Дар ин давра намои иншооту биноҳои  маъмурии ҳудуди пойтахт таъмиру тармим ва  атрофи онҳо   тозаву озода,  сабзазору гулпӯш  гардиданд, ки  барои  зебо гардидани симои пойтахт ва ободонии он мусоидат менамоянд.

 

5. Аз ҳисоби ба системаи гармидиҳӣ пайваст кардани хонаҳои истиқоматӣ бештар аз 4 миллион киловат-соат неруи барқ сарфа гардид

 Дар мулоқот аз ҷониби Сарвари давлат Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардида буданд, ки то саршавии фасли сармо  барои пайваст гардидани иншооти маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматии шаҳр  ба  шабакаи гармидиҳӣ мусоидат намоянд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда  иншооти   мазкур  ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст гардиданд.

Тавре дар  маҷлиси навбатии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ноябри соли равон  таъкид шуд, танҳо рӯзҳои охир дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе аз ҳисоби ба системаи гармидиҳӣ пайваст кардани хонаҳои истиқоматӣ бештар аз 4 миллион киловат-соат неруи барқ сарфа гардид. Ин яке аз омилҳои асосие мебошад, ки мардуми ҷумҳурӣ дар тамоми фаслҳои сол 24 соат бо барқ таъмин бошанд.

6. То соли 2025 дар пойтахт 10 чорроҳаи дигари  сесатҳа сохта мешаванд

 Мақомоти шаҳрдорӣ  барои дар  сатҳу сифати байналмилалӣ анҷом додани корҳои таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ,   дар ду баст ба роҳ мондани  корҳои роҳсозӣ ва  дарёфти роҳҳои танзиму  ба тартиб даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ,  бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар пойтахт низ супориши қатъӣ гирифта буд. Дар робита  ба ин дар мувофиқа бо сохторҳои марбута  амалишавии «Барномаи рушди роҳҳои шаҳри Душанбе  барои солҳои 2016 – 2020» имкон медиҳад, ки  тӯли 3 сол тамоми роҳҳои пойтахт- асосӣ  ва дохилии он пурра таъмиру таҷдид  ва мумфарш гарданд. Ҳоло роҳсозон  корро дар ду баст ба роҳ монда, кӯшиш доранд дар муҳлати муқарраршуда сохтмону навсозии  роҳҳоро ба анҷом расонанд.

Алҳол бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аввалин чорроҳаи сесатҳа дар пойтахт дар доираи амалишавии лоиҳаи «Таҷдид  ва  барқароркунии  роҳи Душанбе-сарҳади  Ӯзбекистон, қитъаи  роҳ аз ҳайкали  Сино  то дарвозаи ғарбии шаҳри  Душанбе» бунёд мегардад. Ҳалқароҳи   нави сохташаванда аз 3 қабат  иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад.

Тибқи иттилои муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов,  бунёди ҳалқароҳи сесатҳаи  навбатӣ  дар чорроҳаи  буриши хиёбони Исмоили Сомонӣ ва хиёбони Абуалӣ Сино  дар назар дошта шудааст. Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки то соли 2025  10 адад ва дар доираи амалишавии Нақшаи генаралии шаҳри Душанбе  ҳамагӣ 20 адад  чунин чорроҳаҳои сесатҳа дар пойтахт сохта мешаванд.

7. Сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ  беҳтар мегардад

 Бо ин мақсад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  23 марти соли равон бо яке аз ширкатҳои Ҷумҳурии Туркия шартномаи ҳамкорӣ баста,  мувофиқи он дар марҳилаи аввал 40 адад ва марҳилаи дуюм 24 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU» -ро  ба шаҳри Душанбе ворид  намуд, ки онҳо ҳоло ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд. Баробари ба кор оғоз кардани автобусҳои нав дар хатсайрҳои пойтахт мушкилоти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе то андозае ҳал гардид. Тавре масъулин изҳор доштанд, воридшавии миқдори муайяни чунин автобусҳо дар моҳҳои аввали соли 2018 низ дар назар дошта шудааст.

Навсозии истгоҳҳои нақлиёти мусофирбари мавҷуда бо ороиши замонавӣ дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши    пойтахт  аз тадбирҳои дигари судманд  дар ин самт маҳсуб мешавад. Моҳи августи соли равон бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ рӯнамоӣ гардид.

Намунаи аввали истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замон ва шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат буда,   дар онҳо  нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардида,  ҳудуди истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Ин гуна истгоҳҳо барои пешниҳод кардани хизматрасонии босифат мусоидат мекунанд.

Тибқи маълумоти Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии  шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хатсайри нақлиёти ҷамъиятӣ аз  Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе  то корхонаи «Сементи тоҷик»  айни ҳол  сохтмони 36 адад истгоҳҳои намунавии нав  идома дорад.

Ҳамчунин  нимаи аввали соли  равон  ба фаъолият оғоз намудани Терминали нави мусофирбари «Озод транс» дар даромадгоҳи қисмати шарқии шаҳри Душанбе  низ аз  тадбирҳои дигар  дар ин самт  маҳсуб шуда, дар дигар  даромадгоҳҳои шаҳр низ  таваққуфгоҳҳои кушодаи автомобилӣ барои мусофиркашонӣ ба самтҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба истифода дода мешаванд.

Татбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» низ бо ҳамин мақсад роҳандозӣ шудааст.

8. Омодасозии инфрасохтори пойтахт ба сифати «шаҳри ҳушманд»

Иқдоми дигари масъулин дар ин самт омодасозии инфрасохтори шаҳри Душанбе ба сифати «шаҳри ҳушманд» (Smart City) мебошад, ки он  аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад. Амалӣ гардидани барномаи мазкур  ба самтҳои афзалиятноки рушди молиявӣ, аз ҷумла, роҳандозии воситаҳои муосири пардохт ва хизматрасонӣ бо назардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, истифодаи иқдомҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (дар нуқтаҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ), ҷорӣ кардан ва рушди интернет-банкинг, мобайл-банкинг, инчунин рушди бозори хизматрасониҳои суғурта, хусусан дар бахши иҷтимоии пойтахт мусоидат менамояд.

9.Бунёди марказҳои савдо ва бозорҳои нави мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар Душанбе рӯ ба афзоиш дорад

 «Мақомоти шаҳрдорӣ  ва дигар  сохторҳои  дахлдорро зарур аст, ки дар нақшаи генералии шаҳр барои ташкили марказҳои савдои ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ тағйироти зарурӣ ворид намуда, барои ба танзим даровардани бозорҳои навбунёд ва риояи меъёрҳои зарурӣ ҳангоми ташкили онҳо чораҷӯӣ намоянд», — дастур доданд ба масъулин Президенти мамлакат дар ин мулоқот.

Тавре масъулин иброз доштанд, алҳол  тибқи талаботи нақшаи генералии шаҳр  сохтмони беш аз 200 иншоот  идома дорад, ки онҳо бо  муосиртарин  тарҳ сохта шуда, дорои хизматрасониҳои зиёд, аз ҷумла, таваққуфгоҳҳо мебошанд. Ин таваққуфгоҳҳо дар беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва барои танба нагардидани роҳҳо дар пойтахт мусоидат менамоянд.

Бозори «Меҳргон», ки  аксари савдогарони собиқ «Бозори Шоҳмансур»  барои идомаи тиҷорат дар он  ҷойгир шудаанд,  аввалин бозор аст, ки дар пойтахт бо тарҳи муосир сохта шудаасту  ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар пойтахт бунёди марказҳои  бузурги  савдо, ба монанди «Ашан», «Пайкар», «Рӯдакӣ –Плаза» ва  «Ёвар»  рӯ ба афзоиш доранд. Ҳамчунин меҳмонхонаву тарабхона ва дигар иншооти хизматрасонии  ба сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ низ сохта мешаванд, ки онҳо барои ба шаҳри сайёҳӣ табдил ёфтани Душанбе шароити мусоид фароҳам меоранд.

Бояд гуфт, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани озмунҳо талаботу муқарраротро риоя карда, махсусан раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ ва риояи санъати баланди меъмориро таҳти назорат қарор додаанд.

10. Суроғаи электронии Раиси шаҳр — DUSHANBE80@YAHOO.COM –робитаи мустақими мақомоти шаҳрдориро бо аҳолии   пойтахт таъмин намуд

Бо кушода шудани  суроғаи электронии Раиси шаҳри Душанбе   сокинони пойтахт имкон  пайдо карданд, ки  тамоми камбудиву нуқсонҳоеро, ки дар пеши назари  онҳо ба вуқӯъ меоянд ва ё аз мавҷудияти онҳо огоҳ ҳастанд,  тавассути телефони мобилӣ  сурат гирифта ё    навор  бардошта, ҷиҳати сари вақт  бартараф кардани онҳо ба суроғаи мазкур ирсол   намоянд. Натиҷаи таҳлилҳо нишон дод, ки  амали  мазкур  робитаи мустақими  байни сокинон ва   мақомоти марбутаро боз ҳам густариш дода,  ҷиҳати  сари вақт  бартараф намудани камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта  мусоидат менамояд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд,   махфияти муаллифони навор ва аксҳои ба  суроғаи электронии Раиси шаҳр  ирсолгардида кафолат дода мешавад.

11. Ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон коҳиш ёфт

 Дар ин мулоқот Президенти мамлакат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки  дар 10 соли охир дар шаҳри Душанбе қариб 3 ҳазор ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз чор се ҳиссаи онро ҷавонону ноболиғон содир намудаанд. Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгирии содиршавии ҳар гуна ҳолатҳои вайрон кардани қонунҳо Қарори Раиси шаҳри Душанбе    аз  6 июни соли 2017 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» ба тасвиб расид. Иҷрои  ин қарор ва назорати  қатъии риояи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,   гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳо дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсей ва мактабу маҳаллаҳо буд, ки тибқи иттилои сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди пойтахт коҳиш ёфта, содиршавии ҷиноят миёни ноболиғон то 22,2 фоиз ва миёни ҷавонон то 3,7 фоиз паст гардидааст.

Зимни ба анҷом расидани соли хониши  2016-2017  бо ирсоли мактуби расмӣ Раиси шаҳр  раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки тармиму таъмири мактабҳо, кӯдакистонҳо ва боғчаҳои кӯдаконро  тибқи қонунгузории ҷорӣ роҳандозӣ  намоянд.  Хотиррасон менамоем, ки солҳои пеш  бо вуҷуди хилофи қонун будани  ҷамъоварии маблағ аз волидони хонандагон омӯзгорони мактабу    кӯдакистонҳо аз моҳҳои марту апрел ба маъракаи пулҷамъкунӣ   шурӯъ  намуда,   дар давраи таътили тобистона  корҳои тармиму таъмири муассисаҳои мазкурро  ба  роҳ  мемонданд.

Ёддовар мешавем, ки  супориши Раиси шаҳр дар мавриди қатъиян манъ намудани  ҷамъоварии маблағ  барои тармиму таъмири мактабҳо  ва боғчаҳои кӯдакон  аз волидони хонандагон  боиси қаноатмандии сокинони пойтахт гардида, ҳамовозии зиёд пайдо кард.

Боиси хушнудист, ки дар муддати се сол дар шаҳри Душанбе 25 мактаби нави таҳсилоти умумӣ бунёд мегардад, аз ҷумла, имсол аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмони 9 иншооти таълимӣ оғоз гардида, онҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин мегарданд.

Чанд рӯз пеш «Барномаи рушди маориф дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020»   қабул гардид. Боварамон комил  аст, ки амалишавии барномаи мазкур  ба рушди ин  соҳа дар пойтахт  мусоидат менамояд.

Дар соҳаи тандурустӣ, саноат, ҳифзи иҷтимоӣ ва самтҳои дигари пойтахт низ навгониҳо зиёданд.

Имрўзҳо Душанбе барои ҷашни Соли нави мелодӣ омодагӣ дорад. Дар маркази майдони «Дӯстӣ»,  рӯ ба рӯи  Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  арчаи солинавӣ   бо баландии 25 метр  қомат афрохтааст.

Дар дигар  гўшаву канори пойтахт низ  арчаҳои идона қомат афрохта,    имсол аз ороишоти зебои солинавӣ  ва  барномаҳои фарҳангӣ  сокинону меҳмонони пойтахт фароғат мебаранд. Ин  арчаҳои идона  аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ    ва рӯҳияи идонаи сокинони пойтахт фарқ доранд. Ин фоли нек аст. Навиде аз оғози зиндагии  шоиставу арзанда ва осудаи мардуми мо.

Талошҳои Раиси ҷавони шаҳр ба Душанбе ҷавонӣ бахшидааст!

 

Рухсораи НУР,

Лутфия  ЭШОНҚУЛОВА,

АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2017 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе таҳия гардид
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум оғоз гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз ёфтанд
Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад
Иҷлосияи бисту якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои сарди зимистон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид