Ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА рушд меёбад

Декабрь 20, 2017 09:36

ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт вохӯрӣ доир намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва хариду фурӯши одамон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо мубодилаи иттилооти фаврӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастаҷамъона дар ин самт таклифҳои  судманд пешниҳод шуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ иброз доштанд.

Декабрь 20, 2017 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд