Ба 21 нафар кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои нуқсони модарзодии дил амалиёти ҷарроҳии дил ройгон гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 8 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» амалиёти ҷарроҳии дил миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемориҳои нуқсони модарзодии дил гузаронида шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, иқдоми мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сарпарастии Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» бо мақсади кумак ба оилаҳои эҳтиёҷманд роҳандозӣ гардида буд.
Маврид ба таъкид аст, ки амалиёти ҷарроҳӣ аз тарафи мутахассисони соҳаи тиббӣ Аморати Мутаҳидаи Араб дар ҳамбастагӣ бо мутахасисони ватанӣ ба таври ройгон гузаронида шуданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири шӯбаи умумии Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Муқим Фатҳуллоев иттилоъ дод, дар давоми се рӯзи амалиёт аз тарафи мутахассисон 21 нафар бо муваффақият ҷарроҳӣ гардиданд.
Хотиррасон менамоем, ки 25 октябр то 3 ноябри соли равон чунин амалиёти ҷарроҳии дил миёни кӯдакон ва наврасони синни то 18 сола ба тариқи ройгон сурат гирифта буд, ки дар он 60 нафар ҷарроҳӣ карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






