Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид мегардад

Декабрь 25, 2017 11:36

ДУШАНБЕ,25.12.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ  «Ховар» хабар дод, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи қонуни мазкурро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода баррасӣ намуда, иброз намуд, ки санади мазкур вобаста ба буҳрони иқтисодӣ ва вазъи имрӯзаи молиявии мамлакат, инчунин зарурати дарёфт намудани манбаъҳои иловагии даромад, маблағгузорӣ намудани иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ ва шиддатнок ташаккул додани Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 таҳия карда шудааст.

Мутобиқи муқаррароти моддаи 252 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2018 андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бекор карда мешавад.

Бинобар ин зарурат пеш омадааст, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, амали муқаррароти сархати сеюми моддаи 252 вобаста ба амали меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард  то 31 декабри соли 2020 тамдид карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар маҷмӯъ ҷонибдорӣ намуда, аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон як таклиф пешниҳод гардид, ки он қабул карда шуд.

Аъзои Шӯро ҳамчунин  роҷеъ ба тасдиқи нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, тасдиқи нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парлумонии кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум қарори дахлдор қабул намуданд.

 

Декабрь 25, 2017 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид