Барои вайрон кардани қоидаҳои зиддисӯхторӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 04.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар Шӯро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф намудани духӯрагӣ ва такроршавии меъёрҳо ва татбиқи дурусти меъёрҳои Кодекси мазкур пешниҳод гардидааст.
Мутобиқи қисми 1 моддаи 192 Кодекси ҷиноятӣ барои «Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор аз ҷониби шахсе, ки ба уҳдааш риояи ин масъулият гузошта шудааст, агар он дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад», ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми 2 моддаи 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон айнан барои ҳамин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Яъне барои як кирдор ҳам ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳам ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар гардидааст.
Бо дарназардошти чунин ҳолатҳо ва бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шахсе, ки ба зиммааш риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор гузошта шудааст, моддаи 192 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардидааст.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарори дахлдор қабул намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






