Дар Душанбе арчаи солинавӣ қомат меафрозад

Декабрь 6, 2017 14:42

ДУШАНБЕ, 06.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  дар маркази пойтахт ба сохтани пойдевор ва қолаби арчаи солинавӣ шурӯъ карданд. Дар назар аст, ки то 10 декабр ороиши пурраи он  ба анҷом расад. Арчаи идона  аз дарахти зинда   бо баландии 25 метр дар маркази майдони «Дӯстӣ»,  дар рӯ ба рӯи  Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  гузошта мешавад.

Тавре  муовини директори  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  Шарофиддин  Талабов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, арчаи солинавӣ бо  муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ  зебу зиннат дода шуда, аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ    фарқ хоҳад кард.  Номбурда ҳамчунин афзуд, ки барои   бошукӯҳ гузаронидани ҷашни Соли нави мелодӣ  дар дигар гӯшаву канори  пойтахт низ арчаҳои идона гузошта мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки  ҷашни  Соли  нави мелодӣ  таърихи  куҳан дошта,   дар қисмати зиёди ҷаҳон  онро  таҷлил менамоянд.  Он  аз  дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то милод, яъне 2056 сол пеш, императори Рум –Юлий Сезар  якуми январро ҳамчун рӯзи аввали соли нав қабул намудааст.

Анъанаи таҷлили Соли нави мелодӣ  дар Тоҷикистон аз  даврони собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ  ибтидо мегирад.  Шурӯъ аз солҳои аввали  таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ  то  ҳоло  якуми январ  ҳамчун   оғози соли нави  мелодӣ  ҷашн гирифта мешавад.

Декабрь 6, 2017 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд