Дар Душанбе имкониятҳои инкишофи низоми арзёбии фазои сармоягузорӣ дар миқёси минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид

Декабрь 19, 2017 11:57

ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Имкониятҳои инкишофи низоми арзёбии фазои сармоягузорӣ дар миқёси минтақаҳои Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур, ки бо сухани ифтитоҳии директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Худобердӣ Холиқназар оғоз шуд, коршиносон ва мутахассисони соҳа иштирок намуда, оид ба мушкилот, омилҳо ва дигар самтҳои фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  сухан гуфтанд.

Зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои сармоягузорӣ дар ҳамаи сатҳҳо ба таври зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Аз ҷумла, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои рушди туризм диққати махсус зоҳир намуда, барои сармоягузорӣ дар ин самт имкониятҳои зиёд фароҳам овардааст. «Соли равон бо мақсади густариш додани самти туризм ва ҷалб намудани диққати бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон таъсис дода шуд. Ин имконият фароҳам меорад, ки Тоҷикистон дар рейтингҳои ҷаҳонӣ, ки дар  даҳгонаи аввал ҷойгир гардида буд, мақоми болотар касб намояд»,-гуфт сармутахассиси Раёсати робитаҳои байналмилалии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» Ҳанс Йоахим Зигертро.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Тавассути татбиқи ислоҳот фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, шарикии давлат бо бахши хусусӣ густариш пайдо кард ва Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид».

Маврид ба зикр аст, ки оид ба фазо ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Точикистон ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ маълумоти муфассал ҷойгир шудааст.

 

Декабрь 19, 2017 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд