Дар Душанбе намоишгоҳи «Истеҳсоли Хитой»-Тоҷикистон 2017» оғоз гардид

Декабрь 19, 2017 09:27

ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Муасссисаи давлатии «Кохи Борбад» маросими расмии оғози Намоишгоҳи «Истеҳсоли Хитой»-Тоҷикистон 2017» баргузор гардид.

 Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоишгоҳ зиёда аз 70 ширкат ва корхонаҳои бонуфузи музофоти Шандун, Хенан, Хубей ва музофоти мухтори Синҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.

Масъулини Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ҳадафи асосии баргузории намоишгоҳи мазкурро рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ бар асоси баробарӣ ва манфиати тарафайн, таъсиси корхонаҳои муштарак, дарёфти шарикон, ҷалби сармояву технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба ва ноил гардидан ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми ҳарду кишвар арзёбӣ карданд.

Имрӯз дар доираи Намоишгоҳи «Истеҳсоли Хитой»-Тоҷикистон 2017» ҳамоиши соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Декабрь 19, 2017 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд