Дар Кӯлоб нисбат ба маъюбон ғамхорӣ зоҳир мегардад
ДУШАНБЕ, 04.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб ҷамъомади идона баргузор шуд, ки дар он 150 нафар маъюбон иштирок доштанд.
Дар ҷамъомад муовини раиси шаҳри Кӯлоб Саймурод Исмоилозода аз ҷумла, зикр дошт, ки таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба шахсони маъюб ва ба меҳрубонӣ ниёздошта дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, чандин марказҳои иҷтимоӣ ва мактабҳои махсус бо шароити зарурӣ барои истироҳат, таҳсил ва кори ин табақаи ниёзманди ҷомеа фароҳам оварда шудаанд. Дар арафаи иду ҷашнҳо барномаҳои гуногун баргузор шуда, пайваста нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Номбурда афзуд, ки ҳадаф аз баргузории ин гуна тадбирҳо дар он ифода меёбад, ки аъзои баробарҳуқуқ ва ҷудонашаванда будани ашхоси дорои имконияти маҳдуд дар ҷомеа ба хубӣ дарк шавад.
Иштирокдорон аз ҳунарҳои дастии маъюбон, ки ба тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуданд.
Аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заршедабону» ва ташкилоти байналмилалии «Миссияи шарқ» ба маъюбон туҳфаҳо тақдим гардиданд.









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






