Дар Кӯлоб нисбат ба маъюбон ғамхорӣ зоҳир мегардад

Декабрь 4, 2017 16:49

ДУШАНБЕ, 04.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон  дар  Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб ҷамъомади идона баргузор шуд, ки дар он 150 нафар маъюбон иштирок доштанд.

Дар ҷамъомад муовини раиси шаҳри Кӯлоб Саймурод Исмоилозода аз ҷумла, зикр дошт, ки таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба шахсони маъюб ва ба меҳрубонӣ ниёздошта дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, чандин марказҳои иҷтимоӣ ва мактабҳои махсус бо шароити зарурӣ барои истироҳат, таҳсил ва кори ин табақаи ниёзманди ҷомеа фароҳам оварда шудаанд. Дар арафаи иду ҷашнҳо барномаҳои гуногун баргузор шуда, пайваста нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Номбурда афзуд, ки ҳадаф аз баргузории ин гуна тадбирҳо дар он ифода меёбад, ки аъзои баробарҳуқуқ ва ҷудонашаванда будани ашхоси дорои имконияти маҳдуд дар ҷомеа ба хубӣ дарк шавад.

Иштирокдорон аз ҳунарҳои дастии маъюбон, ки  ба тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуданд.

Аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заршедабону» ва ташкилоти байналмилалии «Миссияи шарқ» ба маъюбон туҳфаҳо тақдим гардиданд.

 

 

Декабрь 4, 2017 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд