Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду китоби энсиклопедӣ муаррифӣ гардид

Декабрь 18, 2017 15:06

ДУШАНБЕ, 18.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии МД «Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон» маросими муаррифии китобҳои «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Зикр шуд, ки дар китоби «Тақсимоти марзиву маъмурӣ» феҳристи алифбоии ноҳияҳо, шаҳрҳову шаҳракҳо, ҷамоатҳои деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин, ҳамчунин феҳристҳои деҳаҳои ҳамном, номҳои қаблию ҳозираи онҳо ва дар бораи муҳимтарин тағйирот маълумот дода шудааст. Ин китоб таърихи замони истиқлолиятро бо ҳимоят аз фарҳанги суннати миллии номгузории кишвар ва инъикоси маҳали ҷуғрофӣ дар саҳифаҳои таърихи кишвар барои наслҳои оянда мерос хоҳад гузошт.

«Донишномаи фарҳанги мардум» дар асоси «Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидааст. Қобили зикр аст, ки ҷилди аввали китоб соли 2015 ва ҷилди дуюми он имсол ба нашр расид.

Дар китоби мазкур ҳамчун намунаи луғати муфассали фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии мардум оид ба суннатҳои гуногун, аз қабили ҷашну маросимҳо, навъҳои хӯрокҳои миллӣ, тибби мардумӣ, либосҳои миллӣ ва нақшу нигорҳо маълумоти возеҳи донишномавӣ дода шудааст.

Декабрь 18, 2017 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд