Дар шаҳри Боку шоми фарҳангии тоҷикон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 24 декабри соли равон дар шаҳри Боку бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон як зумра барномаҳо зери унвони «Шоми фарҳанги тоҷик» баргузор гардид. Дар ҳамоиши фарҳангӣ сафирони кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Озарбойҷон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин фаъолони ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат варзиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, дар ҳошияи ин барномаҳо таърихи ғании мардуми тоҷик, фарҳанг, санъат, эҷодиёт, мусиқӣ, асбобҳои мусиқии халқӣ, рақси миллӣ, таомҳои миллии тоҷикон, китобҳо оид ба Тоҷикистон, инчунин иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамзамон зимни ҳамоиш таваҷҷуҳи махсус ба Соли ҷавонон равона карда шуд.
Барнома бо оҳангу сурудҳои миллӣ ва рақс доир гардида, дар онҳо меҳмонон бо завқи баланд ширкат карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






