Дилором Шералиева: «Кормандони хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафарони бесарпаноҳ ҳам ёрӣ мерасонанд»

Декабрь 19, 2017 15:44

ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 19 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии кумак ба  камбизоатон ҷашн гирифта мешавад. Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзанда ва  паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз ҳадафҳои афзалиятноки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ   шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, ки ба ниёзмандон бевосита  дар  манзилашон ёрӣ мерасонанд, амал менамоянд. Коршиносон бар он андешаанд, ки таъсис додани чунин шуъбаҳо тақозои замон буда, ба баланд  бардоштани  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Доир ба ин мавзуъ хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо сардори шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Дилором Шералиева ҳамсуҳбат гардид.

«Ховар»: Шуъбаҳои хизматрасонии  иҷтимоӣ дар хонаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  кадом вазифаҳоро иҷро  мекунанд ва истифодабарандагони ин  хизматгузорӣ  киҳоянд?

Дилором Шералиева: Бояд гуфт, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» (дар соли 2008) чунин шуъбаҳо дар назди идораҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо амал дошта, танҳо ба нафақагирони яккаву танҳо хизмат мерасониданд.  Акнун ин шуъбаҳо дар назди   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   фаъолият дошта, ба тасвиб расидани қонуни мазкур доираи хизматрасонии  онҳоро васеъ гардонд.
Шуъбаҳои мазкур ба ғайр аз нафақахӯрони муҳтоҷ, инчунин  ба шаҳрвандоне, ки зиндагиашон  душвор   аст ва  худ имконияти  бартараф кардани онро надоранд, мадад мерасонанд. Масалан, ба маъюбон, беморон, гирифторони осеби садамаи истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ, нафарони бесаробон, бекас, ятим, бе ҷойи муайяни истиқомат (БОМЖ), ки  ҳаёти онҳо зери хатар қарор дорад.
Хизматрасонии  иҷтимоӣ аз ҷониби хадамоти иҷтимоӣ метавонад ба таври ройгон ва музднок сурат гирад. Хизматгузории  ройгон — ин расонидани хизматҳои иҷтимоӣ бидуни пардохти маблағ ба шаҳрвандон аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ амалӣ гардонида мешавад. Аммо  хизматгузории  иҷтимоии музднок дар хадамоти иҷтимоии давлатӣ аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ монда шудааст.

«Ховар»: Тавре маълум аст, ин қишри ҷомеа осебпазир буда,   муносибат бо онҳо  нозукиҳои зиёдро талаб дорад. Ҳамин тавр не?

Дилором Шералиева:  Дар ҳақиқат, корманди  шуъбаи  хизматрасонии иҷтимоӣ будан хеле мушкил аст  ва   масъулияти зиёде дорад. Чунки  аксари ниёзмандон, ки азияти  зиёди ҷисмониву  равонӣ кашидаву дар пирӣ  танҳо мондаанд ё кӯдакону наврасони душвортарбия, ки онҳо низ бо бисёр мушкилоти  равонӣ рӯ ба рӯ гардидаанд, асабониянду  ба  нигоҳубин ва муносибати  махсус эҳтиёҷ доранд.  Кормандони хизматрасонии иҷтимоӣ ба  нафарони   бесарпаноҳ ё худ «бомж»–ҳо ҳам ёрӣ  мерасонанд. Хизматрасонӣ ба онҳо аз дигарон дида, мушкилтар аст,  баъзан  барои дарёфти онҳо кормандон ду-се рӯзи худро сарф менамоянд. Асосан инҳо нафаронеанд, ки  дар зиндагӣ танҳо монда,   ба майхорагӣ рӯ овардаанд. Дар пайомад   хонаашонро аз даст дода,  бесарпаноҳ мемонанд. Ба иллати    майхорагӣ  намехоҳанд, ки дар    хона-интернати пиронсолон ва маъюбон ба сар баранд.
Кормандони шуъба аз аҳволи ин шахсони овораву шаробзада  пайваста хабар гирифта, онҳоро  бо либос,  ғизову  дорувор таъмин месозанд.
Тавре зикр кардем, ниёзмандон ё муҳтоҷоне, ки мо ба онҳо  хизмат мерасонем, аз як сухан ё амале, ки шумо   ҳатто ноҷо будани онро пайхас карда наметавонед,  меранҷанд ва ин боиси вайрон гардидани муносибат байни корманди иҷтимоӣ ва эҳтиёҷмандон  шуда   метавонад.  Аз ин рӯ,  на ҳар кас метавонад корманди хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ бошад.  Ҳар  корманд ҳафтае  ду маротиба ба 15-16 нафар хизмат мерасонад. Барояш  соати муайяни  корӣ вуҷуд надорад. Ҳолатҳое мешаванд, ки ниёзманд нимаи  шаб  аз вазъи нохуби саломатиаш  телефонӣ хабар медиҳад ва  фавран   духтурро даъват кардан лозим меояд.
Ҳодисаҳое буданд,  ки пирони  танҳоро  қаллобон аз хонаву дар маҳрум гардонидаанд. Шуъба  ин гуна ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ менамояд,  амну  осудаҳолии ин  қишри муҳтоҷи ҷомеаро  таъмин месозад. Эҳтиёҷмандон ҳоло  дар симои мо, хидматгузорон, дӯсту нигаҳбон ва мададгори беминнатро мебинанд.

«Ховар»: Доир ба фаъолияти шуъбаи хизматрасонии  иҷтимоӣ дар хонаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  каме маълумот медодед.

Дилором Шералиева:  Корманди шуъба   ба   ниёзмандон дар рӯбучини хона, тайёр кардани хӯрок, шустушӯи либос, хариди ғизо ва дорувор, даъвати  духтур ба наздашон ва аёдати онҳо ҳангоми бистарӣ будан дар беморхона, расонидани нафақа,  мутолиаи китобу рӯзномаву маҷалла ва баргузории маросими дафн  хизмат мерасонанд. Аксари кормандони шуъба занони собиқадору  дорои маълумоти миёнаи махсуси тиббиву педагогианд.

Дар шуъбаи мо 386 нафар (91 мард ва 295 зан)  шахсони ба хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона эҳтиёҷдошта ба қайд гирифта шудаанд. Аз инҳо 3 нафар иштирокчиён ва  17 нафар хизматчиёни ҶДҶ, 149 нафар маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, 1 нафар аз оилаи бепарастор, 9 нафар маъюбони модарзод, 1 нафар маъюби Чернобил, 13 нафар  собиқадорони меҳнат,  10  нафар кӯдакони маъюб, 13 нафар аз оилаҳое, ки кӯдакони маъюб доранд ва 168 нафар ниёзмандоне, ки танҳо нестанд, аммо фарзандони қобили меҳнат надоранд, мебошанд.

Бояд зикр кард, ки аз ҷониби шуъбаи мо соли равон ба истифодабарандагон дар ҳаҷми 40 ҳазору 655 хизматрасонӣ, аз ҷумла, 5 ҳазору 200 хизматрасонии иҷтимоии тиббӣ, 9 ҳазору 362 хизматрасонии иҷтимоии равонӣ ва педагогӣ,  345 хизматрасонии иҷтимоии ҳуқуқӣ, 2 ҳазору 578 хизматрасонии иҷтимоии маишӣ  ва ғайраҳо расонидаанд.

«Ховар»: Тавре ба ҳамагон маълум аст, ин табақаи мардум  бештар ба дастгирии моддӣ ниёз доранд. Дар ин самт шуъба чӣ корҳоро ба анҷом расонидааст?

Дилором Шералиева: Бале, дуруст зикр кардед ва бояд бигӯям, ки шуъбаи мо  соли  равон  дар ин самт корҳои зиёдеро  ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба 3 нафар иштирокчиёни ҶДҶ ва 1 нафар маъюби садамаи Чернобил ба маблағи 3800 сомонӣ кумак расонида шуд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба 16 нафар иштирокчиён ва хизматчиёни ҶДҶ кумаки яквақта ба маблағи 2 ҳазору 300 сомонӣ, 20 нафар ниёзмандони камбизоат 300 сомонӣ ва ба 236 нафар барои пардохти маблағи барқ 43 сомонӣ, ки дар маҷмӯъ 17 ҳазору 887 сомониро дар бар мегирад, кумак расонида шуд.

Инчунин аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо ба ниёзмандон кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудаанд. Аз ҷумла, РАДСИН-и ноҳияи Сино дар ҳаҷми 22 ҳазору 974 сомонӣ, Сафорати Россия дар Тоҷикистон ба маблағи 7 ҳазору 750 сомонӣ ва аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 300 килограмм гӯшт ва ба 45 нафари дигар маводи хӯрокӣ  расонида шудааст.

Чунин кумакҳо ба ниёзмандон дар арафаи ҳама  ҷашну идҳои ҷумҳурӣ расонида мешаванд.  Ҳоло дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ қарор дорем ва кормандони шуъба дар масъалаи расонидани кумак ба ниёзмандон ташвиши зиёд  доранд. Зеро аксари истифодабарандагони хизматрасонии иҷтимоӣ ба шуъба омада наметавонанд ва кормандонро зарур меояд, ки ба хонаҳои онҳо раванд.

«Ховар»: Шумо дар суҳбат зикр кардед, ки ба кӯдакону наврасони душвортарбия низ кумак мерасонед. Бигӯед, ки ба онҳо чӣ гуна хизмат расонида мешавад?

Дилором Шералиева: Як самти дигари фаъолияти мо ин кор бо кӯдакону наврасони душвортарбия ва модарони танҳо  мебошад. Кормандони шуъба  бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, хизматҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ мерасонанд. Ба ин гуна бачаҳо, ки аз мактаб дур мондаанд, барои давом додани таҳсил,  аз худ кардани касбу ҳунар дар омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, марказҳои таълими калонсолон, барқарор намудани ҳуҷҷатҳо барои таъйини нафақаи иҷтимоӣ, қайди ҷои зист барои пайдо кардани кор, ҳамчунин барои пайдо намудани кор барои онҳо дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ кумак мерасонанд. Ба онҳо барои ҳалли мушкилоти рӯзгорашон маслиҳатҳои муфид дода, барои интихоби роҳи дурусти ҳаёт дар оянда раҳнамоӣ мекунанд. Яъне, кормандони хизматрасонии иҷтимоӣ барои онҳо  наздиктарин шахс дар зиндагиашон маҳсуб мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади беҳбуд бахшидан ба самти фаъолияти шуъба дар оянда корро бо маъюбони ноҳия қавию мустаҳкам гардонида, марбут ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, фаҳмондадиҳии ҳуқуқҳои онҳо дар ҷомеа, дарёфт намудани шахсони маъюб ва муҳтоҷ ва ба қайд гирифтани онҳо  нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст. Амалӣ гардидани ин нақшаи чорабиниҳо ба беҳтар гардидани хизмарасониии иҷтимоӣ  ба маъюбону  муҳтоҷон мусоидат менамояд.

                                                                                         Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Декабрь 19, 2017 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид